ҲАМКОРИҲОӢ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

300

Имрӯз (10.08.2022) дар заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар робита ба фаъолияти Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ суҳбати маҷозии (онлайнии) баргузор шуд. Дар суҳбати маҷозӣ муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург оид ба фаъолияти байналмилалӣ Андрюшин С. В. роҷеъ ба таҳияи нақша-чорабиниҳо ҷиҳати фаъолияти Маркази мазкур, ки дар заминаи ДМТ роҳандозӣ шудааст, гуфтушунид намуданд. Зимнан ҷонибҳо таъкид доштанд, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар робита ба фаъолияти марказ, омӯзиши забони русӣ, ҳуқуқҳои буду бош ва фаъолияти корӣ дар Федератсияи Русия таҳияи нақша-чорабиниҳо муҳим мебошад.

Ёдрас мешавем, ки ташкил намудани Маркази таълимӣ-омӯзишии муштараки муҳоҷирони меҳнатӣ дар заминаи ДМТ-ро Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ҷонибдорӣ намуда буд.