ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МАСОИЛИ ҲУҚУҚӢ

178

Барқарорсозии муносибатҳои дӯстона ва судманди муштарак бо мамлакатҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҳошия, яке аз мамлакатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз давлатҳои муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Муносибатҳо миёни ду мамлакати ҳамсоя дар кулли соҳаҳо сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба таври устувор дар заминаи дӯстӣ, шарикии боэътимод ва боварии муштарак тараққӣ ёфта истода, шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ба манфиатҳои халқҳои ҳар ду мамлакат ҷавобгӯ мебошад. Имрӯз ҳамкориҳои муваффақ ва ҳасанаи дуҷониба дар ҳама самтҳо, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф, тамоюли бештарро касб намудааст. Дар ин замина омӯзиши забон, фарҳанг, таърих ва тамаддуни ҳамдигар барои рушд ва тақвияти муносибатҳои байниҳамдигарӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Бо ин мақсад имрӯз (26.07.2024) ҳайати Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон бо роҳбарии узви доимии кумита, муовини раиси Комиссия вобаста ба корҳои миллӣ ва динӣ Шурои умумичинии машваратӣ-сиёсӣ, муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон ҷаноби Тзян Тезяго ва ҳайати ҳамроҳонаш – узви раёсати ҷамъияти Чинӣ оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон, директори иҷроияи Маркази тадқиқоти ҳуқуқии инсон дар Донишгоҳи Чжунънан профессор Мао Цзюнсян ва – узви раёсати ҷамъияти Ҷинӣ оид ба таҳқиқи инсон, муовини директори Институти журналистика ва коммуникатсияи донишгоҳи Цзинан профессор Чжэн Лян ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон таҳти роҳбарии ҷаноби Тзян Тезяго бо ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва таҳқиқоти ҳуқуқи инсон буд.

Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи меҳмонон дар самти фаъолияти факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ инчунин, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий маълумоти мухтасареро манзур намуд.

Зимнан таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намуда, дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинае мебошад, ки дар асоси он рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар навбати худ муовини раиси Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон ҷаноби Тзян Тезяго ҳадафи ташрифро дар мустаҳкам намудани омӯзиши забони хитоӣ ва тадқиқоти ҳуқуқии инсон, густариш бахшидани ҳамкориҳо дар самти ихтисосҳои ҳуқуқ арзёбӣ намуд. Зимнан таъкид дошт, ки дар робита ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла низоми таълим ва раванди забономӯзӣ дар ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва ва зарурияти ҷалби ҷавонон ба ҳалли масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки Ҷамъияти чинӣ оид ба тадқиқоти ҳуқуқи инсон, масъалаҳои ҳуқуқи инсонро бо назардошти талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода, дар самти такмили донишҳои ҳуқуқӣ машваратҳои судмандро баён менамояд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.