ҲАМОИШ: МАОРИФ ВА ҶАВОНОН

79

Имрӯз (28.05.2021) ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Ҷавонон ва рушди маориф дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён М., муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Д.Д. ва ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва сохторҳои гуногуни мамлакат иштирок намуданд.

Дар идома маърӯзаҳои сардори бахши томактабии Вазорати маориф ва илм Маҳина Бобоева «Рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар давраи истиқлолият», сармутахассиси Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи казбии Вазорат Ҷалолиддин Амиров «Ҳадафу мароми равияву ҷараёнҳои экстремистию террористӣ ва хоҷагони пасипардагии онҳо дар робита ба вайрон сохтани фазои ором дар кишварҳои рӯ ба пешрафт», мутахассиси пешбари Раёсати илм ва инноватсияи Вазорат Мирзотоҳир Олимов «Ҷавонон ва даврони истиқлолият: дирӯз, имрӯз ва фардо», мутахассиси Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорат Дилшод Одинаев «Нақши Вазорати маориф ва илм оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар кишварҳои хориҷӣ» ва муовини Директори маркази барномаҳои байналмилалӣ Наврӯзи Маҳмадсаид «Оид ба стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» ва омода намудани мутахассисон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишаст таъкид шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар нақши ҷавонон дар рушди соҳаи маориф назаррас буда, ҳамасола аз ҷониби ҷавонон бо пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтикороти созанда рӯйи кор меоянд. Зикр шуд, ки имрӯз бештари ҷавонони замони истиқлол дар рушди соҳаи маориф ва бунёди коргоҳу корхонаҳои хурду бузург, иншооти мухталифи иҷтимоиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, на танҳо пешсафи истеҳсолот, балки бо заҳматҳои созандаю ташаббусҳои ободгаронаашон пайваста мақоми ҷавонони кишварро баланд бардошта, дар радифи беҳтарин бунёдкорони Ватани азизамон саҳмгузоранд. Гуфта шуд, ки дастгирӣ ва раҳнамоӣ намудани насли наврас ва ҷавон барои ҳар як шахси дорои таҷрибаи кофидошта шарт ва зарур мебошад. Зеро инсон то ба дараҷаи фаъолияти комил расидан ба таҷрибаву муваффақиятҳои гузаштагон ниёз дорад. Дар замони имрӯза, ки ҷаҳони муосир бо равандҳои мухталиф пеш рафтаистодааст, ин ба ҷавонон бетаъсир намемонад. Барои дар шароити хуб ва созгор, ҳамчунин, ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ будани ҷавони имрӯза мебояд ҳамқадами замон бошему ҳамаҷониба ҷавононро дастгирӣ намоем. Пас, имрӯз такмили дониши сиёсии ҷавонон ва сайқали зиракию ҳушёрии онҳо хеле зарур аст. Бояд ҷавонони мо донишҳои сиёсии хешро такмил диҳанд ва аз ҳар гуна пайомадҳои иғовоангез дурӣ ҷӯянд, то худ, миллат ва давлатро ҳифз карда тавонанд, хушақида, миллатдӯст ва ватанпарвар бошанд.

         Дар охир ба чанде аз ҷавонон сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супорида шуд. Ҳамзамон, ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ бо намоиши барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонид.