АНҶОМИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ ДАР ХУҶАНД

667

Аз 28-уми сентябр то 14 октябри соли ҷорӣ дар заминаи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Танзими ҳуқуқӣ-сиёсии рушди давлатдории Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар ин курси мазкур омӯзгорон аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, Коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд ба номи Исҳоқӣ Юсуф, Коллеҷи техникии ш.Хуҷанд, Коллеҷии омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷ.Расулов ва Коллеҷҳои тиббии ноҳияҳои Гулистон иштирок намуда, соҳиби диплом гардиданд. Дипломҳо ба иштирокчиён аз ҷониби масъулони Донишкадаи такмили ихтисос, сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Сабуров М.И. ва декани факултети таърихи ҳамин донишгоҳ Ҷабборов И.Р. супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки баргузории ин гуна курсҳои омӯзишӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.