АРҶГУЗОРӣ БА ПАЧАМИ ДАВЛАТӢ

175

Парчами миллӣ ифодагари ҳувият, нангу номус ва иттиҳоду сарҷамъии мост. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимилӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Бояд гуфт, ки парчам ин рамзи пирӯзиву давлатдорист ва парафшон гардидани он ба ҳар як фарди бо нангу номуси миллат илҳоми тоза баҳри расидан ба ҳадафҳои олии милливу давлатӣ мебахшад. Он мояи сарбаландию некӯнасибии миллати соҳибватан аст. Аз ин ҷост, ки ба шарофати хизматҳою қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат парчами Ватани маҳбуби мо дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ҷавлонгар аст.

Яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин парчам мебошад.

Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами миллӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар кадом аз шаҳрвандон аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст».

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, пас Парчамро сари баланди халқ метавон номид. Дар ҳарҷое, ки парчам барафрохта шавад мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлоли тоҷик дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ин арҷгузорӣ ба Ватан, миллат ва сарзамини худ аст.

М.Холов, корманди МИТ