АРСАИ НАНГУ НОМУС

356

Неругоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад. Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Боздиди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз НБО-и “Роғун” рӯйдоди муҳим ва санаи таърихӣ дониста мешавад.

Воқеан ҳам дар замони имрӯза НБО-и «Роғун» аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. Бунёди НБО “Роғун” орзую омоли халқи тамаддунофари тоҷик буд ва имрӯз ин орзу, ки ба кӯҳи фатҳнопазир шабоҳат дошт, ҷомаи сабз ба бар мекунад. Ин неругоҳ парвардаи афкор (идея)-и кулли мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Созандагӣ яке аз идеяҳои миллии тоҷикон аст ва сохтмони Роғунро дар ин замина метавон идомаи мантиқии ин идея номид. Дар бораи Роғун хеле зиёд гуфтаанду мегӯянд, вале ёд меояд, ки сохтмони НБО-и “Роғун” соли 1982 оғоз гардид. 27 декабри соли 1987 дар назди нақбҳои нотамоми сохтмонӣ маҷрои дарёи Вахшро бастанд. Соли 1993 баландии сохтмон ба 40 м расида, масофаи нақб 21 километрро ташкил дод, коркарди толори мошинӣ ба (70 %) ва толори трансформаторӣ ба (80 %) расонида шуд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ сохтмони НБО бинобар вазъи ноороми ҷумҳурӣ қатъ карда шуд, ҳарчанд дар ҳолати соли 1993 аллакай баландии сад ба 40 м, масофаи нақбҳои кандашуда 21 километрро ташкил медод. Ҳамзамон, ҳаҷми корҳои баанҷомрасида дар толори мошинҳо ба (70 %) ва толори трансформаторӣ ба (80 %) расонида шуда буд. Дар натиҷаи офати табиии 8 майи соли 1993 қисмати болоии сохтмон зери обхезӣ монда нақбҳо ва толори мошинӣ қисман хароб шуд.

Бо гузашти солҳо сохтмон дар ин мавзеъ аз соли 2008 аз нав оғоз гардид, аммо аз соли 2012 инҷониб дар қитъа танҳо корҳои таъмин намудани бехатарӣ ва хизматрасонии техникӣ гузаронида мешуданд.

Имрӯз ҳифзи истиқлолият, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ормонҳои волою бузурги Пешвои муаззами миллати мост. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, сифати наку, шараф, номуси мардонагӣ ва дасту дилу нияти пок доштани ин шахсият имрӯз мусоидат кардаанд, ки мо, мардуми саодатманди тоҷик, шоҳиди ин ҳодисаи таърихӣ, яъне ба кор даромадани агрегатҳои он гардида истодаем.

16-уми ноябри соли 2018 дар таърихи рангину пурмуҳтавои халқи тоҷик сафҳаи наве кушода шуд. Дар ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегат (чарх)-и якуми Неругоҳи барқи обии Роғун ба кор дароварда хоҳад шуд.

Бунёди Неругоҳи барқии обии Роғун ҳамчун олами номусу нанг бори дигар созандагиву эъморгарии миллати тоҷикро дар ҷаҳон овозадор месозад. Чи тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштаанд: «Роғун ин на танҳо манбаи гармию рӯшноӣ, балки омили муҳимми ба кор андохтани садҳо корхонаҳои саноатии замонавӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои илмию тадқиқотӣ, муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад».

Дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар дар баробари 9-уми сентябру 27-уми июн 16-уми ноябр чун дурахшонтарин рӯз муаррифӣ мешавад. Зеро ба майдон омадани бузургтарин рӯйдодҳои барои миллати тоҷик таърихсоз ба ин рӯз мувофиқ омадааст. Оғози баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Пешвои маҳбуби миллат Сардори давлати Тоҷикистон интихоб гардиданд, маҳз ба 16-уми ноябр (1992) рост меояд. Ҳамзамон бо ин, аз соли 2016 инҷониб дар ҷумҳурӣ «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад, ки бузургдошти он ҳамчун дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие унвон мегардад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.

Бе шак, ба истифода додани агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” тасодуфӣ набуда, аз як тараф, баёнгари даст ёфтан ба яке аз ҳадафҳои сегонаи стратегии ҷумҳурӣ-Истиқлолияти энергетикӣ ва аз тарафи дигар, оинаи акснамои талошҳои хастанопазири ҳамешагии Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳарчанд сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шудаву соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976 бунёди он оғоз шуда бошад ҳам, вале бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, сар задани ҷанги таҳмилӣ ва дигар монеасозиҳо сохтмони он қатъ гардид. Эҳёи дубораи ин сохтмони аср аз корҳои бунёдкориву созандагии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Реҳмон маншаъ мегирад. Ба таъбири дигар, Давлати муқтадири шуравӣ бо буҷаву сарвати тавонояш ин неругоҳро сохта натавонист ва акнун бо матонату заковати Пешвои миллат ва халқи дар атрофи ин Пешво муттаҳид ин сохтмони беназир анҷом ёфта истодааст. Ин неругоҳро на қудрату сарват, балки нангу номус бунёд месозад. Нангу номуси як миллат ва Пешвои он, ки маҳбуби ҷаҳониёнанд.

Т.Иҳромов