ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ

319

Ҳайати омӯзгорону толибилмони Литсейи равияи тиббию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар ифтитоҳи чорабинӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳамроҳии чанде аз роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони омоданамудаи толибилмони литсей боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону хонандагон баҳои баланд доданд.

Ректори донишгоҳ зимни суханронии хеш ҳайати омӯзгорону толибилмони литсейро ба ҷашни фархундапайи Наврӯзи байналмилалӣ ва ифтитоҳи бинои нави литсей, ки санаи 13-уми марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, самимона табрик намуд. Таъкид шуд, ки ифтитоҳи бинои мазкур аз таваҷҷуҳи вижаи Роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи маориф, хусусан ба Донишгоҳи миллӣ шаҳодат медиҳад. Зимнан хонандагонро барои таҳсили хубу намунавӣ даъват намуданд.

Сипас ректори донишгоҳ чанде аз фаъолони литсейро бо ифтихорномаи ДМТ қадрдонӣ карданд.

Дар чорабинии фарҳангию фароғатӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангинеро пешкаши ҳозирин сохтанд.