ҶАШНИ ТИРГОН

13

Тиргон ҷашне аз амиқи таърихи ориёӣ, ки покӣ, об, шодиву некиро таҷассум мекунад. Ин ҷашн, ки дар рӯзи сенздаҳуми моҳи тир-мувофиқ ба аввалҳои моҳи июл таҷлил мегардад, рамзи дӯстиву ҳамбастагӣ миёни мардумон аст.

Ҷашни Тиргон реша дар умқи таърихи мардуми ориёнажод дошта, аз ҷумлаи куҳантарин суннатҳои фарҳангии бостон ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти таърихнигорони асрҳои миёна, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ дар “Осор ул-боқия”, Тиргон на танҳо як ҷашни обу тобистон, балки рамзи пирӯзии ҳақ бар ботил низ будааст. Мувофиқи ривояти таърихӣ, дар ҳамин рӯз мардуми Эронзамин шоҳ Фаридунро дар муборизааш бар зидди Заҳҳок дастгир намуда, бар душмани золим пирӯз шуданд. Дар ҳамин ҷараён Коваи оҳангар парчами муборизаи мардумиро барафрохт. Бинобар ҳамин ҷашни Тиргон на танҳо маросими обпошиву шодист, балки бо рӯҳи озодихоҳиву иттиҳоди миллӣ низ тавъам аст. Маросимҳои Тиргон гуногун буданд: пошидани об ба якдигар ҳамчун рамзи покшавӣ, дуо барои борон, бастани навдаи сабз ба даст , варзишҳои миллӣ, рақсу суруд ва ҷамъомади ҷавонон дар табиат. Ин ҳама на танҳо фарҳанги зиндагиро таҷассум мекарданд, балки воситаи мустаҳкамсозии робитаи иҷтимоӣ, муҳаббат ба табиат будааст.

Дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол эҳёи арзишҳои миллию таърихӣ мавқеи марказӣ касб кардааст. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули се даҳаи охир пайваста ба масъалаҳои эҳё ва гиромидошти суннатҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашнҳои бостонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Дар ин замина Тиргон низ ба ҳайси як унсури фарҳанги қадимӣ имрӯз мавриди таваҷҷуҳи донишмандон, аҳли фарҳанг ва сохторҳои давлатӣ қарор дорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки 20 марти соли 2018 дар маросими расмии Наврӯзӣ ироа гардид, таъкид карданд: “Мо бояд суннатҳои аҷдодии худро, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ҳатто Тиргонро, ки реша дар фарҳанги ориёии мо доранд, зинда нигоҳ дорем ва барои насли ҷавон ҳамчун мактаби худшиносиву ватандӯстӣ муаррифӣ намоем.”

Таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба эҳёи Тиргон на танҳо аз нигоҳи фарҳангӣ, балки сиёсати давлатӣ арзёбӣ мегардад. Дар чанд соли охир дар пойтахт ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ барномаҳои фарҳангии таҷлили Тиргон бо унсурҳои анъанавӣ амалӣ карда мешавад, ки таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва бахусус ҷавононро ба худ ҷалб мекунад. Ҷашни Тиргон на танҳо як бахши таърихи ориёист, балки як рамзи зиндаи фарҳанги мост, ки дар худ муҳтавои амиқи маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дорад. Он шодиро, покиро, обро ва фазои дӯстиву иттиҳодро гиромӣ медорад. Дар замони муосир, ки ҷаҳонишавӣ бо худ ҳам ҳамгароӣ ва ҳам фаромӯшии решаҳои фарҳангиро меорад, эҳёи чунин суннатҳо зарур аст.

Бо назардошти таъкиди роҳбарияти давлат ва таваҷҷуҳи афзояндаи муҳаққиқон, Тиргон метавонад ба як ҷашни расмии фарҳангии миллӣ табдил ёбад, ки ҳар сол дар сатҳи маҳаллӣ ва давлатӣ таҷлил гардад. Бо ин роҳ мо на танҳо як анъанаи зебои гузаштагонро зинда мекунем, балки ба наслҳои оянда воситаи худшиносӣ, ватанпарасӣ ва меҳри пок ба фарҳанг мерос мегузорем. Тиргон метавонад ба рамзи нави як миллати зебоиандеш табдил ёбад.

Шаҳзода Ашуралиева, корманди МИТ ва “Ба қуллаҳои дониш”