Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуд. Дар партави ин таъкидҳо, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ тадбирҳо андешид, ки он бо мақсади сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ ва қадршиносии маҳсули заҳмати илмии муҳаққиқон мебошад.
Имрӯз (06.01.2025) зимни баргузории ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳ дар ин самт ду ташаббус роҳандозӣ гардид.
1. Омӯзгорону кормандони асосии Донишгоҳ, ки дар соли 2025 рисолаҳои номзадиву доктори фалсафа (доктор аз рӯйи ихтисос Ph.D), докторӣ ва доктор ҳабилитат ҳимоя менамоянд, мувофиқан 20 000 (бист ҳазор) сомонӣ ва 30 000 (сӣ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
2. Дар робита ба татбиқи дастуру супориҳшои Пешвои муаззами миллат раёсати Донишгоҳ тасмим гирифт, ки барои ҳимоя намудани омӯзгорону кормандони Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои нодир, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология, вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалии оммави, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия, пиряхшиноси ва инноватсия мувофиқан 25 000 (бисту панҷ ҳазор) сомонӣ ва 35 000 (сию панҷ ҳазор) сомонӣ ҳавасманд гардонида шаванд.
Заҳмати муҳаққиқону олимон пайваста ҳавасманд ва қадрдонӣ мешавад!