Ҷавонон – муқобили терроризм ва экстремизм

558

Бо чунин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 18.05.2021 ҳамоиши ҷумҳуриявии онлайнӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҲХДТ дар вилояти Суғд, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, инчунин, раҳбарон ва намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Бохтар, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҳамоиши онлайнӣ намояндаи Донишгоҳи миллӣ Шарипов Додихудо доир ба омилҳои пайдоиш ва хатарҳои терроризми муосир, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон ва таҳкими амнияти миллӣ суханронӣ намуд.