ҶАВОНОН ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТАНД! Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба муносибати Рӯзи ҷавонон

903

Зиндагии ҳамарӯза собит месозад, ки расидан ба ҳадафҳои бузург ва мондагор намудану пос дошташтани арзишҳои миллӣ бе ширкати пурсамару фаъолонаи ҷавонон мушкил мебошад. Ҳамин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус дода, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархӯрдор гардидани онҳо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият доданд. Дар доираи ин сиёсат маблағгузории давлатии соҳа сол ба сол зиёд гашта истодааст, то наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамун гарданд.

Рушду пешрафти мамлакат ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Дар робита ба ин рисолати таърихӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии васеъ гардида, дар рушди босуботи кишвар саҳми назаррас гузоранд. Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд: «Ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд».

Имрӯз дар рушди донишгоҳ саҳми насли ҷавонро хеле хуб эҳсос мекунем ва ҳамчунин дар коргузории хеш ба неруи созандаи ҷавонон бештар авлавият медиҳем. Аз ин рӯ, умеди ҳамаи мо ба насли ҷавони кишвар нигаронида шудааст ва аминем, ки ҷавонони мо бо дарки масъулияти баланд сазовори эътимоди Пешвои миллат ва парчамбардорони давлат мегарданд.

Ҷавонон азиз, ба Шумо рӯзгори хуш, саодати хонаводагӣ, азму талоши ҷиддӣ дар рушди кишвар ва комёбиҳои бештаре дар таҳсилу фаъолияти меҳнатӣ хоҳонам.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!