ҶАВОНОНРО ЗИРАКИИ СИЁСӢ МЕБОЯД!

396

“Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр намуда, зина ба зина даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро қабул намудааст. Дар заминаи чунин санадҳо, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187) ва “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №265) қабул гардида, дурнамои фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиро бо назардошти ташаккул ва ҷорӣ намудани меъёрҳо ва механизмҳои пешгирии экстремизм ва терроризм ҷиҳати таъмини рушди босуботи давлат, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат муайян намудааст”. Ин нуктаро имрӯз (27.10.2021) мудири бахши таъминоти ҳуқуқии ДМТ Муминзода Н.И. зимни вохӯрии намояндагони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо устодону донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ ироа намуд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки дар доираи Стратегияи мазкур вобаста ба пешгирии шомилшавию пайравии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротию террористӣ аз ҷониби тамоми сохторҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Раёсати ДМТ Нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, пайваста миёни ҷавонон – донишҷӯён бо иштироки олимону намояндагони ҳифзи ҳуқуқ корҳои ташвиқотӣ-фаҳмондадиҳӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Вохӯрии мазкур аз ҷумлаи чунин нишастҳо буд.

Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю.Ё. Рӯзиев, намояндаи Суди Олӣ Азиззода З.Н., Судяи суди олии ҷумҳурӣ Ғуломзода С.С., намояндаи ВКД Бобоев А.Р. иштирок ва суханронӣ намуданд.