АЗ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МУЗДИ МЕҲНАТ ТО ОЗМУНҲОИ ДОНИШГОҲӢ

2147

Иттилоъ аз ҳисоботи ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. (Дастовардҳо дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021)

Имрӯз (08.01.2021) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (соли 2020) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2021 аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид. Дар ҷаласа Мирзозода Н.Д. – муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар ибтидо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ташрифи меҳмонро ба ДМТ хайрамақдам гуфта, дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он, зарфияти илмии донишгоҳ ва вазифаҳо барои соли 2021 ба тафсил сухан ронд.      

Дар робита ба ҳисоботи ректори донишгоҳ меҳмон ва чанд тан аз устодони донишгоҳ (Файзуллозода Э. – декани факултети химия, Г.Хоҷиматова – профессори факултети филологияи рус, Р. Нуриддинов – профессори факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва Зайниддинзода М. – мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ) фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, фаъолияти солонаи раёсати донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар музокираҳо таъкид шуд, ки раёсати донишгоҳ дар якҷоягӣ бо устодону кормандон бояд барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат дар соли 2021 чораҳои фаврӣ ва амалӣ андешанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронӣ дастур доданд, ки аз 1-уми январи соли 2021 музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ 10% аз маблағҳои махсуси донишгоҳ баланд бардошта шавад. Инчунин, таъкид намуд, ки ба мақсади рушди сифати таҳсилот соли 2021 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Соли рушди сифати таҳсилот» эълон карда шавад, ҳамзамон, барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар намудани сифату самаранокии таълим дар донишгоҳ озмуни “Факултети сол”, “Кафедраи сол”, “Омӯзгори сол” ва “Донишҷӯи сол” таъсис дода шавад.

Дар идомаи ҷаласа ба устодоне, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайси ҳакамон фаъолият намуданд, мукофотпулӣ ва ба донишҷӯён-иштирокчиёни озмуни мазкур “Ифтихорнома”-и ДМТ ва маблағҳои пулӣ дода шуд.

Дар интиҳо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо арзи сипосу миннатдорӣ ба меҳмон ва кулли устодону кормандони ДМТ дар соли 2021 муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.