АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ ТО ОЗМУНИ ФАНОВАРӢ

244

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар нисбат ба илму техника таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар зиёд гардида, рӯз то рӯз дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯйи кор меоянд. Иштироки олимону муҳаққиқон дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ-эҷодӣ ва манзури аҳли хирад намудани навгониҳои илмию техникӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин нукта ҳамасола дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ махсус баррасӣ мегардад. Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат таконбахши тамоми соҳаҳои ҷомеа, бахусус ҷомеаи илмии кишвар ба ҳисоб меравад. Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” ба мутахассисони илмҳои дақиқ, махсусан, ба олимони илмҳои табиатшиносӣ руҳу илҳоми тоза бахшид.

Бояд таъкид намуд, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, инчунин, техникаю технология дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Дар замони муосир илм ба омили муҳимми рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфта, мутахассисони баландихтисос ва аз илми замонавӣ огоҳ қувваи асосии истеҳсолкунанда ба ҳисоб мераванд. Дар ин замина мақом ва ҷойгоҳи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ маҳз аз иқтидори неруи зеҳнӣ, дараҷаи рушди инноватсионӣ ва дастовардҳои назаррас дар самти илм ва технологияи муосир вобастагии амиқ дорад.

Албатта ҳаётро бе илм ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «илм дар рушди кишвар нақши калидӣ дорад». Дар ҳақиқат, имрӯз илму техника ба муҳаррики рушди ҷомеа табдил ёфта, ба ихтиёри одамон қувваи бузургеро гузоштанд, ки барои якбора зиёд кардани миқёси фаъолияти дигаргунсозиҳои онҳо имконият медиҳанд. Дар ин радиф вазифаи асосии муассисаҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, болаёқат, бомаърифат ва тавоно мебошад. Хушбахтона, ҳамин тавр буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монад.

Тайи солҳои охир дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои неки роҳбарияти донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳамоишҳои илмӣ-фарҳангӣ ва илмӣ-эҷодӣ ширкад варзида, сазовори дастовардҳои назаррас мегарданд. Далели ин гуфтаҳо иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аст, ки ҳамасола бо ташаббуси ниҳодҳои гуногуни илмию таълимӣ гузаронида мешавад.

Масалан, бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиюмин солгарди таъсисёбии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯйи самтҳои математика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Имрӯз (24.04.2021) дар фазои тантанавӣ бо иштироки Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, академик Имомзода М.С. ва дигар намояндагони сохторҳои илму маориф ғолибони озмуни мазкур бо мукофотпулӣ ва димлому сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойҳои зерин гардиданд. Ашӯрзода Хусрав – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика, аз рӯйи соҳаи илми технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ) ва Абдулло Муртазоев – донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси молия ва қарз, аз рӯйи соҳаи илми математика сазовори ҷойи аввал, Холмирзо Саломов – донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика аз рӯйи соҳаи илми математика (тахассусӣ) ва Дӯстмуродзода Қурбоналӣ – донишҷӯи курси 1-уми факултети механикаю математика аз рӯи соҳаи илми технологияҳои иттилоотӣ (ғайритахассусӣ) сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Тибқи иттилои масъули донишгоҳ, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бадриддин Раҳматуллоев дар озмуни мазкур 78 нафар донишҷӯ аз 28 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа 4 нафар соҳиби ҷойи 1-ум ва «Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» гардиданд, ки аз ин шумора ду ҷойи аввал ба донишҷӯёни ДМТ тааллуқ дорад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дастаи донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои зеҳнии ҷумҳуриявию байналмилалӣ омодагӣ мебинанд ва умед аст, ки ғолибияти зиёдро дар пеш доранд.