АЗ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН УМЕДИ ЗИЁД ДОРЕМ…

295

Омӯзгорӣ касби пурифтихор аст. Насли ҷавон бояд ба қадри ин касби бошараф ва соҳибрисолат расад. Мо ба фаъолияти омӯзгоронӣ ҷавон таваҷҷуҳи вижа дорем ва дастовардҳои назаррасро аз пештара бештар интизорем.

Ин нукта имрӯз (09.11.2022) зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо омӯзгорони ҷавони донишгоҳ ироа шуд.

Зимнан таъкид шуд, ки саҳми омӯзгорони ҷавон дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ бояд аз пештара бештар ба назар расад. Хусусан дар низоми таълим, тарбия ва илм фаъолияти омӯзгорони ҷавон бештар дида шавад ва дастовардҳо назаррас бошанд.

Дар идома ректори донишгоҳ роҷеъ ба масъалаҳои интизоми меҳнат, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, саҳм гузоштан дар рушди илми ватанӣ, сайқал додани дониш ва маҳорати забондонӣ, иштироки фаъол дар чорабиниҳои дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, саҳм гузоштан дар корҳои тарбиявию таълимӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос ё курсҳои тайёрӣ миёни донишҷӯён, омода намудани донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун, фаъолона иштирок намудан дар нашри мақолаҳои илмию омавӣ ва баланд бардоштани нуфузи омузгор мулоҳизаҳои ҷолиб намуда, ба садорат ва масъулини донишгоҳ дар самти бартараф намудани камбудиҳо, инчунин, таҳияи нақшаи чорабиниҳо дар робита ба фаъолияти омӯзгорони ҷавон дастурҳои мушаххас доданд.