АЗ РӮЙИ АСАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – «ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ» ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ОЗМУН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

1076

Имрӯз дар ДМТ дар ҳошияи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ–назариявӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати устодону донишҷӯён ва раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

3 нуктаи ироашудаи ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт қобили таҳсину офарин аст.

1. Ин иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таърихи давлатдории тоҷикон падидаи бесобиқа ва мондагор арзёбӣ кард. «Аз он бояд бо гармии том истиқбол кард», – гуфт ректор.

2. Дастур дод, ки то соли 2023, яъне то оғози баргузории Озмун даври донишгоҳии он хуб гузаронида шавад ва ғолибони даври донишгоҳӣ бо туҳфаҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд карда шаванд.

3. Дар пайравӣ ба ташаббусҳои хирадмадонаи Пешвои миллат эълон дошт, ки аз рӯйи асари «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» – и Пешвои миллат дар ДМТ озмун баргузор гардад. Ба масъулин супориш дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат низомномаи баргузории озмун омода карда шавад.