АЗ ТАШКИЛИ ГУЛХОНА ТО СЕХИ МЕБЕЛ ДАР ДМТ

210

Фаъолияти молиявию иқтисодӣ ва хоҷагидории Донишгоҳи миллӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Имрӯз (01.11.2023) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни вохӯрӣ бо кормандони ин бахш масъалаҳои гуногунро дар робита ба ин бахш мавриди таҳлил қарор дод.

Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки кормандони бахши молиявию хоҷагидорӣ вобаста ба талаботи нақша-чорабинии тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ кори худро ба роҳ монда, дар самти таҷдиди биноҳои маъмурӣ, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, тозаву озода нигоҳ доштани хобгоҳҳо, гирду атрофи саҳни донишгоҳ ва шинонидани дарахтон саҳми назаррас доранд.

Ректори донишгоҳ зимнан ба масъулини сохторҳо дар робита ба корҳои ободонию сохтмонӣ, аз қабили қабул гардидани коргарони нав ба кор, назорати ҷиддии маводи лозимаи хоҷагидорӣ, ташкили гулхона ва сехи мебел, омода намудани лоиҳашои ангораваии донишгоҳ, назорати ҷиддии биноҳои сохташаванда тавсеаҳои судманд доданд.

Гуфта шуд, ки ободкорӣ ва саҳм гузоштан дар рушди хоҷагидории донишгоҳ мароми ҳар яки мост.