АЗ ВАТАНДӮСТӢ ВА ИНСОНДӮСТӢ ҲАРФ БОЯД ЗАД…

130

Таълиму тарбия дар факултети фалсафа хуб ба роҳ монда шудааст, аммо чанде аз мушкилиҳое ҷой доранд, ки ҳалли онҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани самтҳои мухталифи факултет мегардад.

Таҳия ва нашри китобу барномаҳои таълимӣ, иштироки устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои байналмилалӣ, дуруст ба роҳ мондани ҷараёни навиштани корҳои дипломию хатм ва тақсими соатҳои фаъолу ғайри фаъол аз ҷониби мудирони кафедраҳо аз ҷумлаи мушкилиҳое буд, ки зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети фалсафа мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар зимн ректори донишгоҳ аз паҳлуҳои гуногуни фаъолияти мудирони кафедраҳои факултет, аз ҷумла дарсшиконии устодони кафедраҳо ва ба дарси якдигар ворид нашудани омӯзгорон, инчунин, омода намудани донишҷўён ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои беҳтар гардидани фаъолияти кафедраҳо дастурҳои мушаххас дод.

Таъкид шуд, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию инсонпарварии донишҷўён-ҷавонон, инчунин, мустаҳкам намудани донишҳои сиёсии онҳо муваззаф мебошанд ва бояд пайваста дониши худро мукаммал созанду аз усулҳои муосири таълиму тарбия кор гиранд.