БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ УМУМИИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ

335

Имрӯз (07.04.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  бо ибтикори факултети фарматсевтӣ бахшида Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ вохӯрии академик, доктор Тоҳирӣ бо донишҷӯёни факултетҳои фармасевтӣ ва тиббии донишгоҳ баргузор гардид. 

Мақсад аз вохӯрии мазкур  ба донишҷӯён машварат додан ва  истифодаи самараноки гиёҳҳои шифобаш баҳри саломатӣ буд.  Зимни суҳбат Доктор Тоҳирӣ зикр намуд, ки “Таҷрибаи рӯзгор собит кардааст, ки ҳифзи саломатӣ беҳтар аз муолиҷа аст. Ҳангоми харидорӣ намудани дору аз дорухонаҳо ҳатман ба таркиби дору назар андозед ва доруеро харидорӣ намоед, ки таркибаш маҳсулоти табиӣ дошта бошад”.

 Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар ҳар як беморхона нуқтаҳои фурӯши гиёҳҳои шифобахш ташкил карда шудааст ва таваҷҷуҳи мардум низ ба он зиёдтар аст.” Инчунин, барои намуна якчанд доруҳое, ки пурра бо гиёҳҳои шифобахш омода шудаанд, нишон дода шуд.

Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии донишҷӯён  аз таҷриба ва роҳҳои дурусти тибби халқӣ ҷиҳати тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён, рушд ва такомули гиёҳдармонӣ, гиёҳғундорӣ ва тайёр намудани маҳсулоти табобатӣ аз растаниҳои шифобахш ба донишҷӯён тавсияҳои судманд дода шуд.

 Дар рафти вохӯрӣ ҳамзамон, дар амалия нишон додани роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморӣ бо усули доктор Тоҳирӣ барои пешгирии бемориҳоии фишорбаландӣ, машқҳои табобатии бадан, пешгирии бемориҳои дарунравӣ, мустаҳкам намудани кори асаб ва дигар намудҳои беморӣ машқҳо гузаронида шуд.