БА ҶОЙИ КОР ТАЪМИН КАРДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН

726

Ҳамасола ҷиҳати тақсимоти хатмкунандагони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи тақсимоти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуда, дар ин самт вохӯриҳо доир мегардад. Зимни баргузории вохӯриҳо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва хатмкунандагон иштирок намуда, дар самти фаъолияти минбаъдаи хатмкунандагон машварат гузаронида мешавад.

Имрӯз (22.04.2021) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид.

Нахуст декани факултети ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Д.С. меҳмононро барои пазируфтани даъват ба ДМТ изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки факултети хуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи илму маърифат барои омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи ҳуқуқ нақши арзанда дорад.

Сипас тибқи талаботи муқарраргардида, хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонҳои гуногуни хориҷӣ ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муқаррарӣ мебошанд, ба ҳозирин муаррифӣ гардида, барои ба кор ҷалб шудани онҳо дар мақомоти гуногуни давлатӣ роҳхат дода шуд. Дар ҷамъомад ниҳодҳои гуногуни кишвар, аз қабили Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии ҶТ, Суди Олии иқтисодии ҶТ, Прокуратураи Генералии ҶТ, Вазорати мудофиа, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Академияи ВКД, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Палатаи ҳисоб, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

 Дар охир дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ва рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ андешаҳои судманд сурат гирифт.