Бахши 2. ИҚДОМҲОИ ТОЗА ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН

339

(Бардошт аз ҳисоботи ректори ДМТ: Фаъолияти донишгоҳ  дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023)

Тавре иттилоъ додем имрӯз дар донишгоҳ ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид, ки дар он ду масъала: омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (2022) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2023 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.

Баъд аз суханронии академик Маҳмудзода М.А. ҳисоботи солани ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ректори донишгоҳ дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он ва зарфияти илмии донишгоҳ ба тафсил сухан ронд. Мавсуф соли 2022-ро дар маҷмӯъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки соли 2022 барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар ин сол ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ зери сиёсати бунёдкорона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ва маърифатнокии ҷомеа амал намуда, дастовардҳои назаррасро соҳибшуданд. шоистаи таҳсину пайравӣ аст. Гуфта шуд, ки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳи  рӯзафзуни Ҷаноби Олӣ ба мактабу маориф ва илму фарҳанг, махсусан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон руҳбаланд гардида, дастуру супоришҳои Роҳбари Давлатро дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарсҳои сулҳ, ки 1-уми сентябр пайваста дар муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи маорифи кишвар баргузор мегарданд, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз қабул карда, баҳри татбиқи ин дастуру супоришҳо, амру фармонҳо қарору дастурҳои Пешвои миллат пайваста саъю кӯшиш доранд.

 «Аз лаҳзаҳои хотирмони соли сипаригашта 9-уми июни соли 2022 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои давлатӣ бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам меорад. Ҳамчунин, дар ин рӯз, тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муяссар гардид, бинои хобгоҳ, ки қаблан ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ истифода мешуд, баъд аз таъмири пурраи капиталӣ баровардан ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил диҳад. Тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мазкур барои 39 нафар омӯзгорон ва кормандони ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд хонаҳои хизматӣ омода карда шуда, дар ин рӯз ба онҳо супурда шуд, ки ин иқдоми наҷиби раёсати Донишгоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард»- афзуд ректор Хушвахтзода Қ.Х..

 Ректори донишгоҳ афзуд, ки яке аз дастовардҳои арзанда ва таърихии донишгоҳ ин дар таърихи 23-юми ноябри соли 2022 дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, ҷиҳати амали гардидани Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ дар назди Парки технологии донишгоҳ “Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ)” мебошад.

Дар баробар ин санаи 21-уми декабри соли сипаришуда барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Муҳимтарин рӯйдоди дигари сол иштироки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии Байналмилаии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022 мебошад, ки санаи 8 октябри соли 2022 натиҷаҳои ин раддабандӣ дар Форуми VI Байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид.  Дар натиҷаи раддабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи 4-ум гардида, Донишгоҳи миллӣ ягона муассисае, буд ки соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид.

Дигар аз рӯйдоди муҳими соли сипаригашта санаи 30-юми марти соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи ин озмун шуд.

Дар робита ба самти иқтисодиву молиявии донишгоҳ масъалагузориҳо сурат гирифта, ректори донишгоҳ таъкид шуд, ки аз 01.09.2023 музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ 10% зиёд карда мешавад. Яъне, ин иқдом илова ба он иқдоме, ки Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ намуда буд, мебошад: “аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад”.

 Дар робита ба ҳисоботи Ректори донишгоҳ сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода, Академики АМИТ Мирганд Шабозов ва директори Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ С. Раҷабов фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, ҳисоботи роҳбарияти донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳо Ректори донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон, ба кулли устодон ва кормандони ДМТ дар соли 2023 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, иброз доштанд, ки “раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд”.

Ёдрас мешавем, ки дар самти беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии устодону кормандон: баланд бардоштани маоши хизматӣ, дар доираи имконият ва дар мувофиқа бо муассиси донишгоҳ табдили хобгоҳи дигари донишгоҳ ба манзили истиқоматӣ, тармиму таъмини синфхонаҳо ва  хобгоҳҳо, ташкили кумакҳои молиявӣ ба донишҷӯёни фаъол ва муҳаққиқони ҷавон, таъсиси гуҳӯҳҳои академии таҳсилашон бо забонҳои русиву англисӣ дар самти ихтисосҳои геология, биология,  физика, тиббӣ, ҳамзамон, навиштани китобу даструҳои таълимӣ дар ин самт, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон, аз ҷумла докторантони Ph.D, назорати ҷиддии раванди таҷрибаомӯзӣ ва ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо … масъулин дастурҳои мушаххас гирифта, дар соли ҷорӣ мавриди иҷро қарор хоҳандгирифт.