БАРГУЗОРИИ ДАВРИ 19-УМИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” ДАР ДОНИШГОҲ

35

Азхудкунии забонҳои хориҷӣ на танҳо имкониятҳои таълимӣ ва касбиро васеъ мегардонад, балки барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамасола бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий озмуни байналмилалии “Пули забони чинӣ” миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор мегардад. Ҳадафи асосии ин озмун дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди маҳорати забондонӣ ва муаррифии фарҳанги ғании Чин мебошад.

Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 бо дастгирии Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Чин бо хориҷи кишвар дар самти забономӯзӣ баргузор мешавад.

Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври 19-уми озмуни мазкур бо иштироки намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгощу донишкада ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе – марказҳои омӯзиши забони чинӣ баргузор гардид.

Дар рафти озмун 8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд, маҳорати забондонӣ ва истеъдоди худро нишон дода, миёни ҳам рақобат намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Бояд таъкид намуд, ки Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои фарҳангиву таълимии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳми назаррас мегузорад.