БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ ДОНИШҶӮЁН

344

Дар толори хурди ДМТ ҷаласа дар робита ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба тарбия Раҳмонзода Ҷ.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Самиев З. дар робита ба фаъолияти ҳафтсолаи кумита маълумот дода, таъкид дошт, ки кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, идораҳои дахлдор, садорати факултетҳо, иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултаҳо, дар самти ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён, дастгирии донишҷӯёни ятиму бепарастор, маъюб, камбизоату бемор, беҳтар намудани шароити истиқомат дар хобгоҳҳо, сафарбар намудани донишҷӯён барои истироҳату табобат дар санатория, бо хобгоҳ таъмин намудани донишҷӯёни ба манзил эҳтиёҷдошта, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.  

Таъкид гардид, ки кумита дар давоми фаъолият дар ҳама факултетҳо маҷлисҳо гузаронида, аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол бо пешниҳоди садорати факултетҳо раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни факультет гурӯҳҳоро интихоб намуда, баъдан бюрои иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳайати 23-нафар таъсис дод, ки дар назди он комиссияҳои тафтишотӣ, ташкилӣ, варзишӣ-тандурустӣ, таълимӣ-илмӣ ва иҷтимоӣ амал мекунад.

Ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб, ки дар ДМТ таҳсил менамоянд, самти асосии фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад. Дар ин давра Кумита дар ҳамкорӣ ба садорати факултетҳои донишгоҳ рӯйхати донишҷӯёнеро, ки ҳуқуқи истифодаи имтиёзҳои муқарраршударо доранд гирд оварда, ба раёсати донишгоҳ пешниҳод намуд. Дар асоси ариза ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бо пешниҳоди Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, мутобиқи фармоишҳои ректори донишгоҳ ҳамасола ба донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб кӯмакпулии ҳармоҳа дода мешавад. Таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 150 нафар донишҷӯёни эҳтиёҷманд кӯмаки моддӣ расонида шудааст.

Зимни баррасии ҳисобот таъкид шуд, ки беш аз 800 нафар донишҷӯ бо роҳхати кумита барои табобату истироҳат сафарбар карда шуданд, ки аз ин шумора зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни камбизоат бо роҳхати ройгон ба санатория роҳхат гирифтанд, ки маблағгузории он аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.

Бояд гуфт, ки кумита бо донишҷӯёни хобгоҳҳо пайваста дар робита буда, аз шароитҳои зисти онҳо бохабар аст. Органи худидораи донишҷӯён дар хобгоҳҳо – Шӯрои донишҷӯён зери назорати кумита қарор дошта, доир ба нигоҳдории тартибу интизом, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани моликияти донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Намояндагони кумита пайваста дар ҳайати комиссияҳое, ки аз тарафи раёсати донишгоҳ доир ба шароити зисти донишҷӯёни хобгоҳ ташкил карда шудаанд, шомил буданд ва барои беҳтар шудани шароитҳои зист дар хобгоҳҳо пешниҳодҳо намуданд.

Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва дар руҳияи баланди хештаншиносӣ тарбия кардани донишҷӯён яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад дар давраи ҳисоботӣ бюрои кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДМТ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ ишироки фаъол доштанд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, илмӣ, тарбиявӣ миёни донишҷӯёни факултетҳо ва хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯён аз ҷониби кормандони Кумита дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 15660 нафар барои аъзогӣ ба сафи иттифоқи касабаи донишҷӯён ариза пешниҳод намудаанд, ки бо билети аъзогӣ таъмин шуданд. Айни ҳол Кумита ба 15660 нафар билетҳои аъзогӣ дод.

Намояндагони Кумита дар давраи ҳисоботӣ риояи иҷрои ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯёнро дар асоси дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ назорат менамояд. Ҳамчунин, риояи талаботҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз тарафи донишҷӯён зери назорати ҷиддӣ гирифта, бо донишҷӯён пайваста суҳбатҳо мегузаронанд. Кумита минбаъд низ дар асоси нақшаи корӣ, дастуру нишондодҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаълоияти худро ба роҳ монда, кушиш менамояд, ки барои ҳифзи манфиатҳои донишҷӯёни эҳтиёҷманд ва дастгирии иҷтимоии онҳо саҳмгузор бошад.

Дар интиҳо ҳисоботи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Самиев З. қаноатбахш ҳисобида шуда, таъкид шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ, яъне тули ҳафт сол (аз соли 2014 то моҳи майи соли 2021) 74 маротиба бюрои Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён гузаронида шудааст.