БАРРАСИИ КОРҲОИ ИЛМӢ- ТАҲҚИҚОТӢ

628

Имрӯз (28. 05.2021) дар толори калони бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ баргузор гардид. Сессияи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ ҳисобот дар бораи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозро дар давраи аз моҳи майи соли 2020 то моҳи майи соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дод. Оид ба фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ (ШҲ КИТ) дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ дар давраи ҳисоботӣ гузориши Сардори Раёсат- Котиби ШҲ КИТ, н.и.х. Маликов Т.С. шунида шуд. Дар ҳисоботи пешниҳодшуда фаъолияти ШҲ КИТ дар давраи ҳисоботӣ ва масъалаҳои рӯзмараи соҳаи илми ҷумҳурӣ, сатҳу сифати экспертизаи илмии лоиҳаҳои илмӣ, натиҷаи мониторингу арзёбии онҳо, камбудию норасоиҳо дар раванди иҷрои лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳисоботи ШҲ КИТ пурра ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18-уми марти соли 2020 равона карда шуда буд.