БАРРАСИИ НАТИҶАИ АТТЕСТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ

401

Бо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аттестатсияи давлатӣ гузашт. Бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир гардид.

Нахуст Мирзода Абдусалом сардори Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ доир коргузории самтҳои гуногуни донишгоҳ суханронӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои судманд намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Агентӣ муайян кардани самтҳои амалӣ намудани сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм буда, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идорӣ назорат мекунад, ҳуҷҷатҳои таҳсилоти дар хориҷи кишвар гирифташударо эътироф ва баробарарзишӣ менамояд ва ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагон, шунавандагону донишҷӯён, магистрантон, докторантон, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.