БО ГУЗАШТИ АЙЁМ АЗ ЗАМОНИ ҶБВ 78 СОЛ ПУР ГАРДИД

342

Имрӯз 05.05.2023 дар толори ТСО- и шаҳраки донишҷӯёни ДМТ ба ифтихори 78- умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии муҳими тарбиявӣ баргузор гардид.

Воқеан ҳам ватан як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб рафта, меҳру муҳаббат садоқату ҷонисорӣ дар роҳи ватандорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шахси соҳибватан аст. 78- сол муқаддам дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тамоми кишварҳои ИДМ намояндагон дар ҷанг иштирк намуда, барои нангу номус, ҳифзи марзу буми хоки кишвар мубориза бурдаанд. Падару бобоҳои мову шумо дар ин ҷанг ба муқобили фашизм иштирок намуда, қарзи ватандории худро аддо намудаанд.

Зимни баргузории чорабинӣ нахуст мудири шуъбаи тарбия, дотсен Саидов Ҳусниддин суханронӣ намуда ҳузури меҳмононро ба чорабинии мазкур хайрумақдам гуфт. Зимнан қайд гард, ки 78- сол муқаддам халқҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақим ба ҳам омада бар муқобили душман мубориза бурданд. Вазифаи ҷавонон дар ин миён пос доштани рӯҳи қаҳрамононе аст, ки дар роҳи ватан ҷон бохтаанд. Ба ҳамин мақсад ҷавонон бояд ҳамеша барои хизмат ба Ватан модар омода буда, қарзи шаҳрвандии худро дар нази Ватану миллат аддо намоянд. Яқин аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ватандӯст буда, саҳми онҳо дар пешрафти рушди соҳаҳои кишвари азизамон ниҳоят калон аст.