БОЗДИД АЗ ОИНАИ ПУРҶИЛЛОИ ТАЪРИХ

435

«Осорхона бахши хеле муҳими ҳофизаи таърихии инсоният мебошад. Махсусан халқҳои мутамаддин барои ҳифзи ёдгориҳои безаволи гузаштагони худ ва осори моддиву ғайримоддии бамеросмонда тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Таъсиси осорхонаҳо, ки рамзи пайванди дирӯзу имрӯзу фардо ва баёнгари арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик мебошанд, дар раванди ташаккули миллати мо низ ба ҳукми анъана даромадааст. Осорхона – оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад»-гуфтаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Муддатест, ки бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ бо мақсади шиносоии комил аз таъриху фарҳанги миллӣ боздиди устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз Осорхонаи миллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар пайи ин иқдом имрӯз бо роҳбарии мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Абдуллоев Ҷ. донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, тамошои хотирмон намуданд.