БОЗДИД АЗ ПОЙГОҲИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

170

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ шароити хуби таълимиро фароҳам оварда, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯён пайваста корҳои назаррасро ба сомон мерасонад. Имрӯз Раёсати донишгоҳ бо чандин корхонаву идораҳо, муассисаву вазоратҳои кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб (ноҳияи Варзоб), Пойгоҳи фароғатии таҷрибавии «Ҷавонӣ» (дараи Ромити шаҳри Ваҳдат), Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ-этнологияи факултети таърих дар ноҳияи Фархор муайян шудааст, ки устодону донишҷӯён метавонанд аз ин пойгоҳҳо истифода намоянд.

Ҷиҳати огоҳ шудан аз шароити таҷрибаомӯзии Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддӣ раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз пойгоҳи мазкур боздид намуда, ба масъулини донишгоҳ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани фаъолияти таҷрибаомӯзӣ дастурҳои мушаххас доданд.