БОЗДИД АЗ РӮЗГОРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ

517

Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба миён омад, дили даҳҳо нафарро андӯҳгин намуд. Дар ин муноқишаи наздисарҳадӣ риштаи умри чандин нафар аз ҳарду ҷониб канда шуда, нафарони зиёд ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Ин ҳодисаи нохуш дилҳоро решу хонаи чандин шаҳрвандро макони ғам гардонид. Ҷонбохтагони ин муноқиша аксаран сарбозон буданд, ки онҳо дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азиз сина сипар намуданд.

Тайи рӯзҳои охир дар партави сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарон ва намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба хонаҳои сарбозони содиқ ва шаҳрвандони осебдида сафар намуда, ба волидон ва аҳли байти онҳо изҳори тасалият намуда, дар ин рӯзҳо ғамшарики онҳо будани худро иброз менамуданд. Дар заминаи ин ибтикорот бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ Хушвахтзода Қ.Х. гурӯҳи устодони донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. ба ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба аёдати волидайни сарбози шуҷоъ, ҷавони ватандӯст, донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи ғоибонаи ихтисоси кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ Ҷасурҷон Суярқулов сафар намуданд.

Зимни сафар намояндагони донишгоҳ ба волидайни сарбози содиқ изҳори ҳамдардӣ намуда, таъкид доштанд, ки қаҳрамониҳои фарзандони содиқи Ватан ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти давлат қадрдонӣ гардида, ҷавонмардии онҳо дар саҳифаи таърих ҷовидон нақш мебандад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷасурҷон Суярқулов дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллӣ бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекард.

Рӯҳи сарбози шуҷои Ватан шод ва манзилаш обод бод!