БОЗДИДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАҲО

680

Бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. раёсати Донишгоҳи миллӣ аз  Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Раёсати донишгоҳро директори Осорхонаи миллӣ Ибодуллозода А. ва мутасаддиён роҳнамоӣ карданд.

Тамошои кормандони донишгоҳ, аз ҷумла кормандони бахши таълиму тарбия аз толоре, ки дар он  маконҳои захираҳои табиӣ ҷой доштанд, оғоз ёфт. Баъдан аз толорҳои олами ҳайвоноту наботот ва мамнӯъгоҳҳо, толори бозёфтҳои таърихии замонҳои гуногун, ичунин,  бозёфтҳои замони Истиқлол ва рӯйдодҳои таърихии он идома ёфт. Воқеан, ин боздид ба кулли кормандон хеле хотирмон буд.

Дар зимн ҷонибҳо: ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва директори Осорхонаи миллӣ Ибодуллозода А. ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Ҳамзамон, гурӯҳи кормандон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Ёдрас мешавем, ки Осорхонаи мазкур санаи 22-юми январи соли  2021  бо иштироки Пешвои муаззами миллат дар назди Долнишгоҳи миллӣ ифтитоҳ ёфт.