БОЗДИДИРОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ

142

Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии маркази саломатие, ки чанде пеш дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ба сохтмон шурӯъ намуд, ба ин мавзеъ омад.

Зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки дар сохтмони маркази мазкур  то имрӯз пойдевори асосӣ бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморӣ дар ошёнаҳои болоӣ идома доранд.

Гуфта шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар маркази мазкур бо маром идома ёфта, маркз дар муҳлати муайян ба истифода дода мешавад.

Ректори донишгоҳ аснои шиносоӣ ба намояндаи сохтмон ва масъулини  донишгоҳ барои тозаю зебо гардонидани атрофи марказ пешниҳоду дастурҳои мушаххас дод.