БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ

396

Имрӯз (21.04.2022) дар  Донишгоҳи миллӣ бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ бахшида ба бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Нахуст, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Шайх Саъдии Шерозӣ яке аз мутафаккирони баргузидаи форсу тоҷик буда, то вақте одамият арзи ҳастӣ дорад, номи ӯ дар забони дӯстдорони адабиёт зинда хоҳанд монд.

Гирдгардонандаи ҳамоиши илмӣ-амалӣ декани факултети филологияи донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор С.Эмомалӣ буд. Дар ҷараёни нишаст маърӯзаҳои сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ “Шинохти Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ дар адабиёти форсу тоҷик”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мирзо Солиҳов “Шинохт ва шакли “Гулистон” ва “Бӯстон”” ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Бадриддин Мақсудов “Саъдӣ ва Ироқӣ (муқоисаи аҳвол ва ахлоқияти адабӣ) ” ироа гардиданд.

Инчунин, дар конференсия донишҷӯёни факултети филология, аз ҷумла Қурбонзода Шаҳодат, Мирзокаримов Муҳаммад, Қурбонзода Азиза, Назаров Ҳабибулло аз осори Саъдии Шерозӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Дар охири конференсия аз ҷониби сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ва маърӯзачиён туҳфаҳои хотирмон тақдим шуд.