ЧЕҲРАИ БЕНИҚОБИ НАҲЗАТИЁН

747

Имрӯзҳо аъмоли террористии даҳшатовар, ки тавассути созмонҳои террористӣ ва ифротгаро дар кишварҳои дунё содир мегарданд, гувоҳи онанд, ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез ба як хатари аввалиндараҷаи дунёии муосир табдил шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ранҷи терроризмро ҳанӯз солҳои 90 асри гузашта чашидааст, дар муборизаи алайҳи терроризму ифротгароӣ ҷаддӣ аст. Дар ин росто Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони фаъолияти “Ҳизби наҳзати ислом” ва хурӯҳҳои худсохти онро дар ҳудуди кишвар манъ карда, онро “созмони террористӣ ва ифротгаро” эълон намудааст. Бояд гуфт, ки пайдоиши “Ҳизби наҳзати исломӣ” аз аввали солҳои 1970 сарчашмаи гирифта, он аввалин ҳаракати пинҳонкори исломӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ, бахусус дар Осиё Марказӣ буд, ки ғояи ифротӣ дошта, ҳадафи асосиаш эҷоди давлати исломӣ бар асоси хилофат дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ҳаст. Агар пайдоиши созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” таърихи ҳудудан даҳсола дошта бошад, дақиқан чунин ғояҳо дар ТЭТ ҲНИ ҳанӯз дар асри гузашта дида мешуд. Бинобар ин, ҷойи тааҷҷуб нест, ки имрӯзҳо аъзои ин созмон дар сафи ҷангҷӯёни ДИИШ дар нуқтаҳои мухталиф меҷанганд ва амалҳои ҷинояткоронаи хешро дар кишварҳои осоишта давом медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ташкилоти террористӣ ва ифротгарои “Ҳизби наҳзати исломи”-ро М. Кабирӣ, ки дорои мақоми паноҳанда дар Аврупо мебошад, ба уҳда дорад. Баъд аз ҳаракати нокоми табаддулоти давлатӣ, ки моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби ин созмон рух дода, боиси ҷон бохтани беш аз 50 нафар аз мардуми осоишта гардид, Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор кард. Вай бо сӯиистифода аз боварии кишварҳои аврупоӣ, тактикаи дигари расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне демократӣ нишон додан “Ҳизби наҳзати ислом” -ро, ки аслан ба дини мубини Ислом рабте надорад, дар пеш гирифтааст.

Аммо тазод ин ҷост, ки Кабирӣ аз як тараф дар Аврупо дам аз демократия мезанаду аз тарафи дигар гурӯҳҳои махсусеро дар баъзе кишварҳо ҳамчун террорист барои нақшаҳои ояндааш омода месозад. Чанде пеш мақомоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳам вуҷуди гурӯҳҳои террористии вобаста ба ТЭТ ҲНИ-ро дар шимоли он кишвар тасдиқ ва аз он ибрози нигаронӣ намуданд. 16 феврали соли 2021 раиси Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ ҳангоми суханронӣ дар “Конфронcи минтақавии мубориза бар зидди терроризм” бо ҳузури мақомоти амниятии даҳ кишвари минтақа дар Кобул изҳор кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар баробари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар шимоли Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ дорад ва ҳадафи ҳамаи онҳо кашонидани доманаи ҷанг ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркистони шарқӣ дар Чин мебошад. Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи амниятии кишвари ҳамсоя, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон аз 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ вуҷуд дорад. Ин изҳороти Раиси умумии амнияти милли Афғонистон, яъне кишваре, ки солҳо боз бо созмонҳои террористӣ меҷангаду онҳоро хуб мешиносад, бори дигар собит месозад, ки ТЭТ ҲНИ аз нияти шуми худ барои ноором кардани кишвари мо барнагаштааст. Масъулони ин ташкилот дар расонаҳо ин ҳамаро рад мекунанд ва иддао доранд, ки танҳо бо роҳи қонунӣ мубориза мебаранд. Аммо кадом қонун? Касоне, ки дар кишвари худ сангинтарин ҷинотяҳоро, аз қабили ташкили гурӯҳҳои террористӣ, даст задан ба табаддулоти хунин ва амсоли он содир намудаанду аз тарафи ниҳодҳои расмӣ “террорист” шинохта мешаванд, оё метавонанд аз рӯи қонун мубориза баранд? Тибқи иттилои боваринок, мубаллиғони ТЭТ ҲНИ дар хориҷи кишвар дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таблиғоти васеъ бурда, баъзе ҷавонони гумроҳро ба доми худ меандозанд. Ин мубаллиғон бо ҳамкории хадамоти ҷосусии кишвари ҳомии ҲНИ ҷавонони фирефташудаи тоҷикро бо додани раводиди он кишвар, аввал ба ҳамон кишвар ва аз он ҷо ба Афғонистон мефиристанд, то ба гурӯҳҳои қаблан омоданамудаи террористии ҲНИ бипайванданд. Ин гумроҳшудагон дар шимоли Афғонистон ҳамроҳ бо дигар созмонҳои террористӣ таҷрибаи ҷангӣ меомӯзанд.

Барои онҳо фарқе надорад, ки киро мекушанд: афсару сарбози артиши Афғонистони мусуломн ё зану кӯдаки бегуноҳи мусулмонро. Зеро онҳо аз виҷдон, эмон, андеша, шараф, ҳайсият ва инсоният маҳрум карда шудаанд. Онҳоро дар мактабҳои махсуси террористӣ мағзшӯӣ кардаанд ва чунин омӯзондаанд, ки раҳбарони ҷиноятпешаашон ҳарчӣ ки гуфтанд, бояд бе чуну чаро иҷро намоянд. Онҳо дигар қудрати фикр кардан надоранд, ки ин кор дуруст аст ё нодуруст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо иштироки чанде аз ин ҳамватанони гумроҳи мо ва муздурони ТЭТ ҲНИ дар ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба ноҳияи Моймайи вилояти Бадахшони Афғонистон дар таърихи 20 ноябри соли 2020 буд. Дар ин ҳодиса чанд нафари гумроҳи зодаи Тоҷикистон, ки тавассути ТЭТ ҲНИ ба террористони ваҳшии хуношом табдил ёфта буданд, сарбозони артиши Афғонистонро ҳатто пас аз асир шудан сар буриданд ва ин кори худро боифтихор дар шабакҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд. Бояд таъкид шавад, ки роҳбари ин созмони террористӣ Муҳиддин Кабирӣ дар ин авохир бозии чандгонаеро дар пеш гирифтааст. Бар асоси он, дар расонаҳои аврупоӣ наҳзатро як ташкилоти мардумӣ ва демократӣ вонамуд мекунад, дар расонаҳои ҷаҳони араб онро созмони исломии марбут ба уммати Ислом (бахусус пайрави ҷараёни Ихвония бар пояи андешҳои ду тан аз инқилобчиёни фикрии асри бисти олами араб Саид Қутб ва Ҳасан- ул-Бано) мехонад ва дар расонаҳои кишвари маълум онро созмоне бархоста, аз андешаҳои инқилоби исломии кишвари маълум (с.1979) медонад. 15-апрели соли 2021 М. Кабирӣ зимни суҳбат бо “Бунёди байналмилалии Ризвон” (@Rizvan_ir) марбут ба кишвари маълум таъкид намуд, ки “яке аз сабабҳои пирӯзии “Ҳизби наҳзати ислом” дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна байни солҳори 1970-1990 зуҳури ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ, аз ҷумла пирӯзии инқилоби исломии кишвари маълум буд”. Албатта, ин аз як тараф эътирофи ошкори Кабирӣ дар хусуси вобастаи кишвари маълум ва таҳти таъсири андешаҳои инқилоби кишвари маълум, инчунин, мазҳаби ташайюъ будани ҳизбаш аст. Аммо дар ин миён дурӯғи бузурги Кабирӣ ин пирӯз хондани Ҳизби наҳзати ислом дар байни солҳи 1970-1990 дар Тоҷикистон ва минтақа аст. Воқеият ин аст, ки ин ҳизб ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна пирӯзӣ ба даст наовардааст. Ҳизб танҳо дар Тоҷикистон аз мавҷудияти худ дарак дод ва сабабгори аслии ҷанги шаҳрвандӣ, марги зиёда аз 150 ҳазор нафар ва даргириву душманӣ байни мазҳабҳо ва қавмҳо гардид.

Тибқи иттилои мувассақ бунёдгузори ин ҳизб С. Нурӣ ва ҳаммаслаконаш дар соли 1992 бо дастури хадамоти ҷосусии кишвари маълум бо ҳадафи тазъиф ва нобудии пояҳои давлатдори навини тоҷикон дар солҳои аввали истиқлол, террори олимону равшанфикрон, ходимони давлатӣ, барангехтани кинаву адоват байни тоҷикон ва дигар миллатҳои сокини кишвар оташи ҷанги шаҳрвандиро барафрӯхтанд. Ва ҷолиб ин аст, ки аслан ин ҳизб на ба хотири ормонҳо динию мазҳабӣ, балки ба хотири ба даст овардани қудрат ва хидмат дар ростои аҳдофи инқилобии хадамоти ҷосусии кишвари маълум рӯи кор омада буд. Агар раҳбарони онрӯза ва имрӯзаи Ҳизби наҳзати исломӣ камтарин эътиқод ва эҳтиром ба маҳзаб ва арзишҳои бумии тоҷикон медоштанд, ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ мекарданд, ки дар ҷараёни инқилоби исломӣ (1979) охундҳои кишвари маълум сунниҳоро дар оғоз истифода намуда, баъди бар сари ҳукумат омадан онҳоро ба манотиқи биёбонию қабиланишини Балучистон ронданд. Ба уламо ва дигар намояндагони сунниҳо то имрӯз ягон мансаби сиёсӣ дода намешавад ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари маълум ҳеҷ нақше надоранд. Наҳзатиён ҳамин гуна низомро дар Тоҷикистон рӯи кор оварданӣ буданд, ки ин хиёнат ба мазҳаб ва миллат мебуд. М. Кабирӣ дар ҷои дигари суҳбаташ бо “Бунёди байналмилалии Ризвон” иқрор мешавад, ки соли 2015 баъди ба истилоҳи худаш “саркӯб гардидани ҳизб”, ӯ ба шаҳри Қум рафтааст, аммо аз ҷониби кишвари маълум ҳимоят нашудааст.

Дар ин ҷо ҳам ду нукта қобили баҳс аст. Якум ин, ки билофосила пас аз шикасти ҳизби террористии наҳзати ислом (2015) бо сарварии Абдуҳалим Назарзода (муовини собиқи вазири мудофиа ва аз аъзои фаъоли ҳизби наҳзати ислом ва дӯсти наздики М. Кабирӣ) ба кишвари маълум фирор кардани раҳбарони ҳизб ва табаддулотчиён далели он аст, ки изҳороти мақомоти қудратии Тоҷикистон дар хусуси даст доштани кишвари маълум дар ин кудато барҳақ аст. Нуктаи дуюм, ин дар кишвари маълум паноҳгоҳ наёфтани Кабирӣ ва баъзе раҳбарони ҳизб аст. Ин ҷо далел он аст, ки кишвари маълум аз онҳо шадидан нороҳат буд. Зеро онҳо ҷавоби пулҳои ҳангуфтеро, ки аз кишвари маълум барои кудато ва инқилоб гирифта буданд, дода натавонистанд. Ин пулҳоро раҳбарони ҳизб, фарзандон ва хешу таборашон дар солҳои гузашта барои хариди хонаву корхона ва мошинҳои гаронбаҳо сарф карда буданд. Дар идома аз Кабирӣ суол шуд, ки “оё интизор ҳастед, ки барои инқилоб кардан мардум Шуморо интизор мешаванд?” Кабирӣ иброз намуд, ки “имрӯзҳо мардум то ҳадде иттифоқ шудаанд, ки онро дар ҷанозаи домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ (рӯҳонии маъруф, ки 14 апрели соли равон дар шарқи Тоҷикистон бар асари беморӣ дар синни 80-солагаӣ даргузашт) мушоҳида намудем”. Аҷаб бешармие! Дар куҷои олами сиёсат таҷаммӯи одамон барои адои намози ҷанозаи як рӯҳонии маъруф нишонаи тарафдории онҳо аз як ҳизби мамнӯи сиёсӣ будааст? Ва ҷолиб ин, ки марҳум домулло Ҳикматуллоҳ аз ҳамон ибтидо (солҳои 1970) то охири лаҳзаи ҳаёташ ба монанди устодаш мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ мухолифи Ҳизби наҳзати ислом буд ва аслан таъсиси онро сабаби фитнаву фасод дар кишвар медонист, ки чунин ҳам шуд. Вай яке аз олимони маъруф ва шинохтаи ислом буд, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамуд. Домулло Ҳикматуллоҳ аз саркардаи ин ҳизб С.А.Нурӣ чандин маротиба даъват карда буд, ки аз роҳи пешгирифтааш баргардад. Ӯ ҳамеша такид мекард, ки дини Ислом дар кишвари мо ба ҳизб ниёз надорад. Зеро мо ҳама мусулмонем ва таъсиси ҳизбе бо номи Ислом байни мардум фосила ва тафриқа меандозад.

Воқеан, аз замони таъсиси ҳизби наҳзат ислом душманӣ ва бадбинӣ аввал миёни худи муллоҳо ва баъд миёни пайравонашон дар сартосари кишвар авҷ гирифт ва ниҳоят боиси сар задани ҷанги шаҳрванди дар соли 1992 бар асари ба майдон баромадани Ҳизби наҳзати ислом гардид. М. Кабирӣ дар чанд ҷои ин мусоҳибааш (ва дар чандин мусоҳибаи дигар) доимо таъкид мекунад, ки дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия тарафдорони зиёд дорад. Ин, ки ин иддао комилан дурӯғ аст, ҳатто ҷои баҳс надорад. Аммо тарафи дигари қазияи он аст, ки Кабирӣ дар ҳотелҳои орому роҳати Аврупо нишаста, бо ин гуфтаҳояш мақомоти амниятии кишвари муҳоҷирпазирро нисбат ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳассос мекунад ва ин хиёнати навбатии ӯст.

Хулоса, бояд донист, ки ташкилоти террористӣ ва ифротгароии “Ҳизби наҳзати ислом” аз назари ақида, ҳадафҳо ва амалкард як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тоҷикистон ва кулли минтақа хатар дорад.

  P.S.: Дар матлаб ҳар ҷо ки сухан дар мавриди мазҳаби шиа меравад, манзур “шиаи дувоздаҳимома” мебошад ва ҳеҷ иртиботе ба бародарони пайрави мазҳаби шиаи Исмоилия надорад.

Хайрулло Мирзамонзода,

муовини ректори ДМТ оид

ба равобити байналмилалӣ