ЧОР МАРҲИЛАИ РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ САЙЁҲӢ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1521

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум санаи 17-уми апрели соли 2020 такид намуда буданд, ки: “Татбиқи бевоситаи меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо, ҳифзи асосҳои конститутсионӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум меҳвари асосии сиёсати давлати Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад. Дар натиҷаи амалӣ гардонидани ин сиёсати созанда мо тавонистем бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда чандин консепсия ва стратегияву барномаҳои давлатиро таҳия ва роҳандозӣ намоем ва бо ин роҳ иқтисодиёти кишварро аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби дохиливу берунӣ эмин дорем. Бо татбиқи ин сиёсат мо давлат ва ҷомеаро ба самти рушди устувору бонизом равона сохта, ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил гардидем”.

Дар заминаи ин гуфтори Пешвои миллат қайд намудан ба маврид аст, ки соҳаи сайёҳӣ дар давоми 30 соли истиқлолияти давлатӣ дар таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, танзими ҳуқуқии шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа, аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳими сиёсати иқтисодию иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1718 “Дар бораи сайёҳӣ”, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 1 августи соли 2018, №372 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, зикр намудан зарур аст, ки дар Классификатори ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006, № 359 “Дар бораи Таснифи ягонаи умумиҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳзани мутамаркази иттилооти ҳуқуқӣ” тасдиқ шудааст, сайёҳӣ дар номгӯи фаслҳо таҳти рамзи 190 дарҷ гардида, фарогири фасли 310.050.140 (Меҳмонхонаҳо) низ мебошад ва шаҳодати мустақил будани қонунгузории сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таҳлили бавуҷудоӣ ва рушди қонунгузории сайёҳӣ вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда дар замони истиқлолияти давлатӣ далели он аст, ки қонунунгузории сайёҳӣ дарбаргирандаи 4 марҳила мебошад:

– Марҳилаи аввал – солҳои 1991-1998.

 – Марҳилаи дуюм – солҳои 1999-2008.

– Марҳилаи сеюм – солҳои 2009-2016.

– Марҳилаи чорум – аз соли 2017 инҷониб.

МАРҲИЛАИ АВВАЛ – СОЛҲОИ 1991-1998. Бо қабули Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, № 392 “Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” марҳилаи бунёди давлати соҳибистиқлол ва қонунгузории миллӣ шуруъ гардид. Дар асоси моддаи 3 ин қарор Кумитаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки:

– дар хусуси даровардани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, таклиф тайёр кунанд;

– таҳияи лоиҳаи қонунҳоро, ки ба таъмини ҳуқуқии истиқлолияти ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, таъмин намоянд;

 – қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ созанд.

 Зарурати ворид намудани тағийрот ба қонунгузории амалкунанда дар он буд, ки санадҳои қаблан қабулшуда ба талаботи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекарданд. Масалан бо қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1990, №255 “Дар бораи таъсиси Ассотсатсияи сайёҳи Тоҷикистон” бо мақсади мутобиқ кардани фаъолияти ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ ва гузаронидани сиёсати ягонаи ҳуқуқию иқтисодӣ оид ба инкишофи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ Девони вазирони ИҶШ Тоҷикистон қарор кард:

1. Таъсиси Ассотсиатсияи сайёҳии Тоҷикистон (минбаъд Ассотсиатсия) тасдиқ карда шавад.

2. Муайян карда шавад, ки Ассотсиатсия шахси ҳуқуқӣ буда, дар асоси оинномаи худ дар доираи ваколатҳое, ки ба ихтиёран аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва кооперативҳои аъзоёни Ассотсиатсия дода шудаанд, амал мекунад.

3. Барои ташкил ва рушди Ассотсиатсия аз захираи Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ бо пардохти минбаъдаи он то 1 январи соли 1992 50 ҳазор рубл ҷудо карда шавад.

4. Иттиҳодияҳо якҷоя бо Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон дар бораи тағийрот ба қонунгузории амалкунанда оид ба масъалаҳои сайёҳӣ таклифҳо тайёр кунанд.

5. Барои Ассотсиатсия меъёрҳои тарҳҳо аз даромади умумии асъор аз фурӯши хизматрасонии сайёҳӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои асъор дар 2 соли аввали фаъолият ба андозаи зерин муқаррар карда шаванд: ба буҷети иттифоқӣ – 15 фоиз; ба буҷети ҷумҳуриявӣ – 15 фоиз; ба Шӯроҳои маҳаллии вакилони халқӣ барои дар ҳудуди ин Шӯроҳо додани маблағи хизмати коммуналӣ, таъминот ва дигар хелҳои хизмат камаш 15 фоиз. 6. Барои Ассотсиатсия меъёри тарҳҳо аз даромад ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо рубл 2 соли аввали фаъолият ба андозаи 25 фоиз муқаррар карда шавад. Чунки бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалан номи давлат аз Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбил ёфт, баъдан ба буҷети иттифоқ дигар зарурарти пардохти 15 фоиз маблағи хизматрасонии сайёҳӣ аз байн рафта буд.

23 декабри соли 1993 байни давлатҳои ИДМ Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баста шуд, ки тибқи он Ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии Созишнома Эъломияи Манила дар бораи сайёҳии байналмилалӣ (1980) ва Эъломияи Гаага оид ба сайёҳӣ (1989), дигар шартномаҳо ва санадҳои байналмилалиро ба роҳбарӣ гирифта, изҳори хоҳиш барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои байналмилалии сайёҳӣ ҳамчун омили нигоҳдорӣ ва густариши муносибатҳои дӯстона, дар асоси ҳуқуқҳои ҷудонопазири шаҳрвандон барои қонеъ кардани ниёзҳои маънавӣ, ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ ва таърихӣ, бо хоҳиши рушд ва таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ дар асоси принсипҳои манфиати мутақобила, тасдиқи хоҳиши давлатҳо оид ба густариш ва такмили муносибатҳо дар соҳаи туризми байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, бо хоҳиши инкишоф додани ин робита тавассути ҳамкории васеъ байни мақомоти давлатии сайёҳӣ, миллӣ, минтақавӣ ва дигар ташкилотҳои сайёҳӣ, бо дарназардошти он ки ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои мусоидат ба таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни мардум, ҳамоҳангии шаҳрвандӣ ва муқаррар намудани арзишҳои умумиинсонӣ пешбинӣ шудааст, ба мувофиқа омаданд. Дар асоси моддаи 2 Созишнома бошад давлатҳо муаззаф шуданд, ки дар ташаккули фазои ягонаи сайёҳӣ, мутобиқнамоии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сайёҳӣ, ҷорӣ намудани низоми ягонаи таснифоти байналмилалии ҷойи ҷойгирнамоӣ ва хизматрасонии сайёҳӣ, шабакаи ягонаи иттилоотӣ саҳм гузоранд.

Бо назардошти уҳдадории ба зимма гирифтааш Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 ба таҳияи қонунгузории сайёҳӣ шурӯъ намуд. Аз ҷумла дар солҳои 1994-1998 дар соҳаи сайёҳӣ чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд:

1. Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1994, №70 “Дар бораи тартиби додани ҳуқуқ ба субъектҳои хоҷагидор бо сайёҳии хориҷӣ ва бақайдгирии ҳуҷҷатҳои хуруҷ-вуруд”.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели 1996, № 461 “Дар бораи таъсиси ширкати миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1997, №183 “Дар бораи ба баланси ширкати миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани бинои воқеъ дар кӯчаи Пушкин, хонаи №14”.

 4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 августи соли 1997, №363 “Дар бораи тасдиқи барномаи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба инкишофи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998”.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1998, №160 “Дар бораи тасдиқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чувашистон дар соҳаи маориф, илму техника, тандурустӣ, фарҳанг, иттилоот, ҳимояи иҷтимоӣ, варзиш ва сайёҳӣ”.

Дар асоси Барномаи тадбирҳои таъхирнопазир оид ба инкишофи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998 аз 12 августи соли 1997, № 363 баҳри таъминоти меъёриву қонунгузорӣ чунин чорабиниҳо пешбинӣ гардида буд: тибқи регламент таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”;   мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклиф оид ба ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии махсуси сайёҳии байналмилалӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 оғоз шуда, яку якбора ҳолати манфии иҷтимоӣ бавуҷуд омад. Ин ҳолат дар он ифода меёбад, ки дар шароити нав маблағи хизматрасонӣ бинобар аз байн рафтани маблағгузории давлатӣ боло рафт, корхонаҳои хоҷагии халқ аз кор монданд ва ё фоида ба даст намеоварданд, талабот паст шуд ва худи шаҳрвандон барои истироҳат маблағ надоштанд. Дар баробари чунин нуқсонҳо дар ин давра ҳолатҳои мусбӣ дар самти қонунгузорӣ ҷой дошт. Аз соли 1996 оғоз шуда, якқатор қонунҳои танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи сайёҳӣ қабул гардиданд. Мисол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизмат» ва ғайра. Маҳз дар ҳамин давра фаъолияти сайёҳӣ ҳамчун намуди фаъолияти соҳибкорӣ эътироф шуд, ки заминаи ҳуқуқияш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели 1996, № 461 “Дар бораи таъсиси ширкати миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Ҳамаи ин санадҳои меъёривии ҳуқуқӣ бавуҷудорандаи базаи нави меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ буда, дорои чунин нуқсонҳо буданд: дар қонунгузории сайёҳӣ меъёрҳои чунин санадҳо, ба монанди Эъломияи Манил дар бораи сайёҳии байналмилалӣ (1980), Хартияи сайёҳӣ (22.09.1985) ва ғайра ба инобат гирифта намешуд;  қонуни алоҳидаи танзимкунандаи фаъолияти сайёҳӣ вобаста ба хусусиятҳои хоси он ҷой надошт.

Ҳамин тариқ, ба солҳои 1991-1998 омили умумии «худфаъолиятии бозор» хос буд, ки натиҷаи мусбӣ надод.

 МАРҲИЛАИ ДУЮМ – СОЛҲОИ 1999-2008. Дар ин давра базаи меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ фаъолона инкишоф меёфт. Он хусусияти коплексиро касб намуд, чунки ба танзими ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ хусусияти хусусӣ-оммавӣ хос аст. Ин ба ворид гардидани асосҳои умумӣ дар танзими ҳуқуқии сайёҳӣ вобаста мебошад. Маҳз ягонагии манфиати хусусӣ ва оммавӣ – хусусияти хоси танзими ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ, муайянкунандаи хусусияти он дар замони муосир аст. Аммо дар ин давра нақши асосиро дар танзими фаъолияти сайёҳӣ ҳуқуқи хусусӣ дошт. Дар ин давра Тоҷикистон қонунгузории алоҳида оид ба сайёҳӣ қабул намуд.

Хусусиятҳои хоси ин марҳила чунин мебошанд: – ташаккули фаврии базаи меъёриву ҳуқуқӣ, ки бо қабули қисми якум (30.06.1999.), дуюм (11.12.1999.) ва сеюми (01.03.2005.) Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», ки дорои унсурҳои ҳам танзими ҳуқуқи хусусӣ (моддаҳои 1,11,13 и ва ғайра), ҳам ҳуқуқи умумӣ (моддаҳои 3,4,5,7 ва ғайра) мебошад, исбот мегардад. Дар ин қонун аз ҷониби қонунгузор аввалин маротиба мафҳуми туризм, турист, маҳсулоти туристӣ ва ғайра муқаррар шудааст. Дар ин давра қонунгузорӣ оид ба шаҳодатномаи хизмат дар соҳаи сайёҳӣ инкишоф ёфта, санадҳои меъёриву ҳуқуқи мавҷуда дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон беэътибор шуда, санадҳои нав қабул гардидаанд (09.12.2004.). Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии инкишофи туризм дар Тоҷикистонро дар давраи солҳои 2004-2009 (29.12.2003) тасдиқ намуда, қарор «Дар бораи масъалаҳои дастгирии давлатии рушди туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва қӯҳнавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд (04.03.2005.) ва ғайра;

– бартарияти бемуҳоботи Қонун нисбат ба дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба муносибатӣои сайёҳӣ ва эътирофи зарурати мувофиқати меъёрҳои қонун ба меъёрҳои КГ ҶТ;

– бавуҷудоии омили мутобиқсозии қонунгузории граждании Тоҷикистон ба мақсади мувофиқати он ба талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ. Дар солҳои 1999-2008 дар Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ чунин санадҳо қабул шудаанд:

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 1999, № 78 “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 1999, №373 “Дар бораи минтақаи истироҳат ва туризм эълон кардани ҳудуди ноҳияи Варзоб”;

 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1999, №824 “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 1999, №404 “Дар бораи ҳамроҳ шудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хусуси ҳамкорӣ дар соҳаи саёҳат (туризм)”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 60 “Дар бораи беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 1998, № 442”;

– Консепсияи рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истирҳат ва туризм аз 11 марти соли 200, №95;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000, № 95 “Низомномаи масъалаҳои минтақаи истироҳат ва туризм дар ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, № 199 “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Низомнома дар бораи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2007, № 199; – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли 2000, № 358 “Дaр борaи минтaқaи истироҳaт вa туризм эълон кaрдaни дaрaи Ромит”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2000, №375 “Дар хусуси тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди ташкилоту идораҳои санаториву курортӣ, солимгардонӣ ва туристӣ”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 461 “Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000-2010”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 460 “Дар бораи тасдиқи Кадастри давлатии захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва варзиш аз 26 июли соли 2001;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001, № 366 “Дар бораи масъалаҳои Корхонаи воҳиди давлатии туризми “Сайёҳ”; – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001, № 483 “Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ соҳаи туризм ва варзиш”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001, № 498 “Дар бораи эълон кардани ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002, № 276 “Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2016”; – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 388 “Дар бораи Тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохтҳои ҳатмии истифодаи табиат”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2003, № 227 “Дар бораи лоиҳаи Созишномаи байни Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод, меҳнат ва сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Полша оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, №442 “Дар бораи маъқул донистани лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2003, №582 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2007, № 207 “Дар хусуси маъқул донистани лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № 80 “Дар бораи масъалаҳои дастгирии давлатии рушди туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, № 230 “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2005, № 302 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Тайланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2005, № 126 “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, № 247 “Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №609 “Дар бораи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, № 395 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 609”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2007, № 412 “Дар бораи тасдиқ намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қоидаҳои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар бахши сайёҳӣ аз 28 августи соли 2008, №95;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2008, № 236 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №523 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2008, № 547 “Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аз 4 декабри соли 2008.

Дар ин марҳила дар Тоҷикистон низоми сустинкишофёфтаи ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи сайёҳиро ба мерос гирифт, ки он ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ҷавобгӯ набуд. То соли 1998 дар мамлакат рушди сайёҳӣ бетартиб сурат гирифта, танҳо хусусияти тиҷоратӣ дошт. Дар моҳи январи соли 2001 бо мақсади баланд бардоштани нақши давлат дар рушди соҳаи сайёҳӣ чун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001, № 445 вазифаҳои мақоми давлатии идора дар ин соҳа ба зиммаи Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Дар ин марҳила дар ҷумҳурӣ проблемаҳои зиёди ҳалталаби рушди соҳаи сайёҳӣ ҷой дошт. Як қатор омилҳои объективие мавҷуд буд, ки ба барқароршавии соҳа монеъ мешуданд. Инҳо, пеш аз ҳама, менеҷменти заиф дар худи саноати сайёҳӣ ва ҳам дар соҳаҳои бо он омехта, инчунин, фарсудашавии фондҳои асосии дар иншооти инфраструктураи сайёҳӣ мавҷудбуда, корҳои рекламавии ба таври самаранок ба роҳ монда нашуда буд, қабл аз ҳама дар хориҷа. Дар ин солҳо масъалаҳои таъсири сайёҳӣ ба амнияти миллӣ, дохилӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин, таъмини бехатарии иқомати сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон баррасӣ нашуда буд. Мақомоти давлатӣ оид ба омор сайёҳиро ҳамчун соҳаи мустақил ҷудо накарда буд, вале корҳои такмили баҳисобгирии нишондиҳандаҳои сайёҳӣ мувофиқи тавсияномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ сурат мегирифт. Чунки 27 ноябри соли 2008 дар Шӯрои ҳабдаҳуми СУС Созмони миллали муттаҳид, ки дар шаҳри Картахена-де-Индиаси Колумбия баргузор шуд, Тоҷикистон узви комилҳуқуқӣ ин ташкилот интихоб гардид. Узвият Тоҷикистонро уҳдадор намуд, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сайёҳияшро ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ин соҳа мутобиқ намояд. Таҳлилҳои омори бозори сайёҳӣ нишон медиҳад, аз давраи соли 1998 то соли 2008 дар мавриди гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ ва резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарҳад фарқияти манфӣ ҷой дошт, яъне назар ба воридшавӣ хориҷ шудани сайёҳон бештар буд (26372 нисбат ба 18163) буд. Дар ин марҳила шаклҳои афзалиятноки сайёҳии байналмилалӣ дар мамлакат муайн шуд: кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳию варзишӣ ва экологӣ; рафтинг, парапланеризм, варзиши лижаронии кӯҳӣ; шикори байналмилалӣ; сайёҳии таърихию маърифатӣ ва этникӣ; сайёҳии дохилӣ, табобати санаторию курортӣ ва истироҳат.

Таҳлили ҷараёни воридшавии сайёҳон аз рӯи мақсади ташрифи онҳо ба ҷумҳурӣ дар ин марҳила аз афзоиши муайяни ба истилоҳ сайёҳи “конгрессию корӣ” гувоҳӣ медиҳад, ки ин аз рӯи дар кишвар баргузор намудани ҳар гуна конференсияҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва мулоқотҳо дар сатҳи олӣ намудор мегардад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули қарор дар бораи эълон намудани ноҳияҳои Варзобу Балҷувон ва дараи Ромит ҳамчун минтақаҳои табобатии санаторию бехдоштӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ ба тадриҷан эҳё гардидани сайёҳии дохилӣ мусоидат намуд. Дар ин марҳила дар ҷумҳурӣ бештар аз 65% иншооти санаторию истироҳатӣ ва самти сайёҳидошта барқарор гардида, қариб 35 минтақаҳои хусусӣ бунёд шудаанд, ки барои ташкили истироҳату табобати шаҳрвандони Тоҷикистон, шуғли аҳолӣ ва ҷалби сармоягузории ватанӣ дар инфраструктураи номбурда шароити воқеиро ба вуҷуд оварданд. Ташкили сафари шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷа ҳам барои истироҳату табобат ва ҳам ба мақсади тиҷорат, ҳамчун яке аз намудҳои сайёҳӣ баррасӣ мешуд. Дар он вақт даромади аз ҳама бештарро (зиёда аз 80%) аз фаъолияти ташкилотҳои сайёҳӣ дар самти сайёҳии хориҷшаванда коркунанда ба даст меоварад, сайёҳии воридшаванда 8 фоиз, сайёҳии дохилӣ 12 фоизи даромадҳои соҳаи сайёҳиро ташкил медод. Дар марҳилаи мазкур миқдори ташкилотҳои сайёҳӣ амалан афзоиш наёфт, ки он пеш аз ҳама ба арзиши баланди иҷозатнома барои дарёфти ҳуқуқ барои фаъолияти сайёҳӣ вобаста буд. Дар соли 2002, баъд аз қабули Низомномаи нав дар бораи тартиби литсензиякунонӣ, миқдори онҳо то 24 (афзоиш дар ҳудуди 117%) зиёд гардид, ки қисми асосии онҳоро сектори хусусӣ ташкил медод ва бештар аз 125 иншоотҳои сайёҳӣ ва самти санаторию истироҳатӣ дошта, аз ҷумла 51 меҳмонхона, 9 санатория вуҷуд дошт, қисми боқимондаро минтақаҳои истироҳатӣ, хонаҳои истироҳатӣ, базаҳои сайёҳӣ ва лагерҳои тандурустӣ ташкил медоданд.

Дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин солҳо сарфи назар аз иқтидори зарурӣ мавқеи на он қадар намоёнро ишғол менамуд ва мутобиқан ба ҳиссаи кишвар қисмати ками гардиши сайёҳии ҷаҳон рост меомад. Тибқи нишондиҳандаҳои омории бозори сайёҳӣ, дар давраи солҳои 2000 то 2008 дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори баландшавии гардиши сайёҳӣ ба назар мерасад (дар соли 2008 зиёда аз 450 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ташриф овардааст), ки ба он пеш аз ҳама вазъи мӯътадили сиёсати дохилӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамуд. Дар охири марҳилаи мазкур самтҳои зерини сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афзалиятнок арзёбӣ мегардиданд: сайёҳии табобати санаторию курортӣ ва истироҳатӣ; кӯҳнавардӣ, сайёҳии варзиши кӯҳӣ ва экологӣ; сайёҳии таърихию омӯзишӣ ва этнографӣ; сайёҳии касбӣ; рафтинг (қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ); варзиши лижатозии кӯҳӣ; шикори сайёҳии хориҷӣ.

Таҳлили маҷмӯи вазъи соҳаи сайёҳӣ шаҳодат медиҳад, ки асосан омилҳои зерин рушди сайёҳиро дар ҷумҳурӣ дар ин марҳила бозмедоштанд: мавҷуд набудани таблиғоти давлатии ғайритиҷоратии имкониятҳои сайёҳии кишвар ва вобаста ба ин фаъолияти нокифояи таблиғотию иттилоотӣ оид ба пешравии маҳсулоти миллии сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии хизматрасонии сайёҳӣ;  номукаммал будани тартиби амалкунандаи дастгирии раводидии кишвар, бақайдгирӣ ва боздид аз минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ барои шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ;  низоми номукаммали ташкили сайёҳӣ воридотӣ ва дохилӣ дар кишвар, сатҳи пасти менеҷмент ҳам дар саноати сайёҳӣ ва ҳам дар соҳаҳои ба он омехта; ба талаботи замон мувофиқ набудани инфрасохтори миллии сайёҳӣ ва фарсудашавии заминаи моддию техникии мавҷуда, миқдори ками меҳмонхонаҳои дараҷаи миёнаи дорои сатҳи муосири истироҳат, инчунин, мувофиқат накардани нарх ва сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳои амалкунанда ва иншооти қабул;  теъдоди маҳдуди хатсайрҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ба кишвар;  низоми номукаммали ташкили корҳои фаврии наҷотдиҳӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои экстремалии сайёҳӣ;  заминаи сусти моддию техниӣ барои пешбурди фаъолияти таълимии соҳа.

Баҳри рафъи мушкилоти мавҷуда дар заминаи санадҳои меъёрии қабулшуда дар ин марҳила вазифаҳои зерин гузошта шудаанд: таъмини низоми усулҳои нави танзими давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки ба шароити тағйирёбандаи иқтисодию иҷтимоӣ, мақсадҳо, принсипу вазифаҳои татбиқи фаъолияти сайёҳӣ дар самти минбаъд ҳавасманд намудани рушди бахши хусусӣ ҷавобгӯ бошад; такмили заминаи меъёрӣ, ҳуқуқии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми танзими давлатӣ дар ин соҳа; андешидани тадбирҳо оид ба таъминоти кадрӣ, илмию методӣ, рекламавию иттилоотии соҳаи сайёҳӣ; рушди инфраструктураи сайёҳӣ, таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба мусоидат дар таҷдиди базаи моддии сайёҳӣ, тезонидани сохтмони иншооти нав; пешрафти маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои сайёҳӣ; таъмини рушди соҳибкории хурд, ҳавасмандсозии шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳаи хизматрасонӣ; фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ ва шаклҳои дигари маблағгузорӣ, қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳа.

МАРҲИЛАИ СЕЮМ – СОЛҲОИ 2009-2016. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳила дар Осиёи Миёна имкониятҳои бештареро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардида, мувофиқи рейтинги ҷаҳонӣ аз рӯи хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ мавқеи мусбатро касб кард:

– оҷонсии “ВВС” (Британияи Кабир, соли 2012) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои сайёҳон эълон кард;

– Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“Globe Spots”, соли 2014) дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷои дуюмро ишғол намуд;

– нашрияи русии маҳаллаи маъруфи “Нейшнал Ҷеографик” (“National Geographic”, соли 2016) шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи кӯҳии зеботарини дунё шомил намуд;

– дар соли 2015 маҳаллаи Топ – 100 дар соли 2015 3 минтақаи Тоҷикистон ва дар соли 2016 кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд;

– пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар соли 2015 аз рӯи сайругашти шабонаи сайёҳон аз ҳама шаҳри бехатар дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) эътироф гардид;

– аз рӯи таҳлилҳои омори расмӣ дар соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дошта, миёни кишварҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд;

– аз рӯи баҳогузории Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дараҷаи 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз мавқеи 119 ба 107 боло рафт. Баҳои беҳтаринро Тоҷикистон аз рӯи категорияҳои “амният” ва “тандурустӣ” (5,7) соҳиб шуд.

 Боиси хушнудист, ки миёни мамлакатҳои бо суръат рушдкунандаи сайёҳӣ Тоҷикистон алоҳида зикр шудааст. Дар ин рӯйхат Тоҷикистон баъд аз Япония ва Озарбойҷон ҷои сеюмро ишғол намуд. Бо таваҷҷуҳ ба захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар, Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг ва Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати “Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим” шомил намуданд. Иштирок дар ин барнома имкон медиҳад, ки иншоотҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда шаванд. Рӯйхати мамлакатҳое, ки шаҳрвандонашон раводидро бо расмиёти соддакардашуда дар се фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон гирифта метавонанд, аз 68 то 78 мамлакат боло рафт. Ҳамзамон, бо 15 давлати дунё тартиби бераводид амал мекунад. Аз моҳи июни соли 2016 тартиби нави электронии раводид бо мақсади таъмини ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат оғоз гардид. Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 давлат дар соли 2016 расид.

Ба андешаи мо ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва муарифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар ин марҳила қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зайл мусоидат намуд:

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 202 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 191 “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 200 “Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 178 “Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 461 “Дар бораи тасдиқи Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобати санаторию курортӣ ва туризм дар давраи солҳои 2000 -2010”;

– Тартиби додани шаҳодатномаҳои тахассусӣ ба роҳбарони гурӯҳҳои туристии субъектҳои хоҷагидори соҳаи туризм аз 3 апрели соли 2009, №56;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, № 530 “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли 2009 No 422 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, № 473 “Дар бораи ҳисоботи Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”:

– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аз 24 ноябри соли 2010;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти 2011, №132 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли 2002, No 276″ Дар бораи Барномаи мукаммали рушди ноҳияи Балҷувон ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ барои солҳои 2002-2012”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 548 “Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 655 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, №427 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва ҷавонон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2012, №484 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №609”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012, № 531 “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”; – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 617 “Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2012, № 662 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012, № 922 “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2013, № 311 “Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2013, № 320 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 333 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикмстон аз 3 августи соли 2013, № 326 “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013, № 563 “Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013, № 1058 “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 маи соли 2014, № 301 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2014, № 329 “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2014, № 398 “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

 – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2014, № 419 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014, № 738 “Дар бораи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017”;

 – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2015, № 210 “Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

 – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2015, № 209 “Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2015, № 290 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2015, №564 “Дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 2016, № 519 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорm дар соҳаи сайёҳӣ”.

Барои инкишоф додани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ва Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 қабул гардид. Яке аз хусусиятҳои махсуси марҳилаи мазкур он мебошад, ки 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар сатҳи конститутсионӣ дар соҳаи сайёҳӣ чунин тағийрот ворид карда шуд: дар қисми якуми моддаи 38 калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад. Дар асоси ин тағийрот минбаъд дар кулли санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи сайёҳӣ қабулшуда, бо назардошти мухолифат накардан ба муқаррароти моддаи 38 Конститутусияи кишвар танҳо истилоҳи “сайёҳӣ” мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 такид намуданд, ки: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст. Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад. Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд. Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд. Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани имтиёзҳои зикршуда чораҷӯӣ намояд”. Бо назардошти ин дастуру супоришҳо аз соли 2017 марҳилаи нави рушди қонунгузории сайёҳӣ оғоз ёфт.

 МАРҲИЛАИ ЧОРУМ – АЗ СОЛИ 2017 ИНҶОНИБ. Дар ин марҳила чунин санадҳои меъёри ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ қабул карда шуданд: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №27 “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №258 «Дар бораи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоғикистон»;  Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2017, №428 “Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳии дохилӣ”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2017, № 295 “Дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”; – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» аз 18 июли соли 2017, №1450;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2017, № 569 “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №977 «Дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018»; – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018, №АП-922 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2018, № 39 “Дар бораи лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва туризми Ҷумҳурии Қирғизистон”;  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 “Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №80 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020»;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2018, № 124 “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”; – Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП-1176 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018, №189 «Дар бораи рӯйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҷо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боғи гумрукӣ озод карда мешавад»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2018, №192 «Дар бораи аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №205 “Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, № 372 “Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”; Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, № 1170 “Дар бораи эълон намудани солҳои 2019-2021″ Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”; Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 № АП-1176 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”; – Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019, № 162 “Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 270 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, № 259 “Дар бораи ҳисоботи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 дар соли 2018”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, № 385 “Оид ба ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 546”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, № 416 “Дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2019, №562 “Дар хусуси лоиҳаи Эъломияи нияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019, № 576 “Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2019, №620 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №640 “Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”; Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2020 №1603 “Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи “Рушди сайёҳӣ””;  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020, № 240 “Дар бораи муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат””; Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2020, № 148 “Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, № 408 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ,меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ”; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, № 426 “Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ”; – Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2020, № 63 “Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020, №1718 «Дар бораи сайёҳӣ». Дастоварди ҳуқуқӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ин марҳила он мебошад, ки соҳаи ҳуқуқи сайёҳӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар ҳамчун соҳаи алоҳида дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, № 1005 барасмият дароварда шуд. Дар сатҳи илмӣ бошад ин андеша аз соли 2012 инҷониб пешниҳод ва эътироф шуда буд (Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи сайёҳии (туристии) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Васоити таълимӣ. – Душанбе: «Эр-граф». 2012. – 500 с.; Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи сайёҳии (туристии) Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълимӣ – методӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2014. – 128 с.; Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Васоити таълимӣ-методӣ. Душанбе, 2016. – 458 с.; Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. Душанбе, 2017. 200с.; Сангинов Д.Ш. Ҳуқуқи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Воситаи таълимӣ. – Душанбе: «Эр-граф», 2021. – 228 с.).

Тибқи муқарароти Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, № 1005 дар солҳои истиқлолияти давлатӣ дар кишвар инкишофи танзими давлативу ҳуқуқии фаъолияти сайёҳӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ хеле фаъол гардид. Пешрафти хизматрасонии сайёҳӣ, эътироф гардидани соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат, аъзо шудани кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ташкилу танзими ҳуқуқиву давлатии фаъолияти сайёҳӣ талаб намуд, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳиро ташкил медиҳанд. Омилҳое, ки ба самаранокии сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ мерасонанд, дуруст ва самаранок истифода нашудани имкониятҳои мавҷуда дар соҳаи сайёҳӣ ва пурра инкишоф наёфтани инфрасохтори сайёҳӣ, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, нокифоя будани танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, паст будани сатҳи сармоягузорҳ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Барои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад аст:

– қабул намудани таснифи ихтисос ва касбҳои соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба талаботи бозори меҳнат, омода намудани стандарти касбии кормандони инфрасохтори сайёҳӣ бо дар назар доштани самтҳои нави ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ;

– мусоидат ба инкишофи пардохти ғайринақдӣ дар низоми савдо ва хизматрасониҳо;

– дастгирии рушди ҳамкориҳои байналмилалии сайёҳӣ;

– ташаккули муҳити рақобатнок дар бозори хизматрасониҳои сайёҳӣ;

– имтиёз додан, мусоидат кардан барои ворид намудани техника ва таҷҷизоти барои рушди сайёҳӣ мусоидаткунанда.

Дар Паёми худ Пешвои миллат санаи 26-уми декабри соли 2018 бо натиҷагирӣ аз соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 такид намуданд, ки: “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад. Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳайвоноту наботот ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ тадбирҳои иловагӣ андешад. Таъкид месозам, ки раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ масъулияти бевосита дошта, бо ҷойи корӣ таъмин кардан ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум низ вазифаи аввалиндараҷаи онҳо мебошад”.

Соли 2021 Пешвои миллат зимни ироаи Паём иброз намуданд, ки: “Имрӯз дар ҷаҳон соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда ба ҳисоб меравад. Бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–умро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳон қариб ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расида, нисбат ба соли 2017–ум 2,6 баробар зиёд шудааст. Дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд. Тайи солҳои 2018 – 2020–ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид. Дар заминаи ташаббусҳои зикргардида ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд. Зарур аст, ки ин раванд боз ҳам густариш дода шавад. Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми соддаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид. Бо вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ чораҳои аввалиндараҷа андешанд”.

Дар асоси Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз 1 августи соли 2018, № 372 дар самти ташаккули асосҳои институтсионалии рушди соҳаи сайёҳӣ:

– такмили қонунгузории амалкунанда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ;

– таҳияи санади мукаммал дар соҳаи сайёҳӣ (ба андешаи мо қабули Кодекси сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

– дар амал татбиқ намудани меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

– тақвияти заминаҳои институтсионалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи сайёҳӣ.

Бо ҳалли вазифаҳои мазкур дар соли 2030 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳаи сайёҳиаш устувор ва дар минтақаву сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда хоҳад шуд. Саҳми сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ назаррас шуда, сайёҳӣ ҳамчун меҳвари таъсиси ҷойҳои корӣ дар шаҳру минтақаҳои дурдасти мамлакат нақши муҳимро ишғол мекунад. Ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ, имтиёзҳои махсуси андозию гумрукӣ ба рушди инфрасохтори сарироҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, маҷмааҳои сайёҳӣ мақсаднок равона шуда, инчунин, шароит ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ барои ташаккулёбӣ ва рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, соҳибкории саноатӣ ва сайёҳӣ дар деҳот ва дар ноҳияҳои дурдасти кишвар, ки дорои иқлим ва табиати беназир мебошанд, фароҳам оварда мешавад. Муҳоҷирати меҳнатӣ коҳиш ёфта, ҷойҳои кори таъсисдодашуда ташаккул ёфтани табақаи миёнаи аҳолиро дар деҳот таъмин мекунанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ ҷумҳурии мо аз кишвари саёҳати саргузаштиву экологӣ ва пиёдагардӣ ба кишвари саёҳати таърихӣ, фарҳангӣ, табобатӣ-фароғатӣ, саёҳати саноатӣ, тиҷоратӣ ва саёҳати корӣ табдил меёбад. Сатҳу сифати хизматрасонӣ ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мегардад. Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз (World Economic Forum), индекси кишварҳои амниятӣ (Institute of Economy and Peace), Шӯрои ҷаҳонии саёҳат ва сафар (World Tourism and Travel Council) дар ҷои намоён қарор гирифта, ташкилоти маркетингӣ (Destination Marketing Organization) ҷиҳати муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон фаъолияти фарогир (инклюзивӣ) мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Тоҷикистон таъсис ёфта, мутахассисони болаёқати соҳаи сайёҳӣ пешбарандаи фаъолияти соҳа тайёр карда мешаванд. Маҷаллаи махсуси сайёҳӣ, телевизиони сайёҳӣ, рӯзномаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият карда, маводи таблиғотиву иттилоотӣ бо забонҳои гуногуни хориҷӣ таҳия ва таълиф шуда, фитта ва руқъаҳои ҷолиби сайёҳӣ ройгон дар сартосари кишвар ва берун аз он паҳн карда мешаванд.

Сангинов Дониёр Шомаҳмадович,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,

мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ