ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА

344

Имрӯз (24.10.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона доир гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оғоз намуда, кулли иштирокдорон, аъзоёни Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи иттифоқҳои касаба, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 октябр таҷлил мегардад, таҳният намуд. Зикр карда шуд, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон имсол бори нахуст 24 октябр ҳамчун Рӯзи Иттифоқи касаба дар сартосари мамлакат таҷлил мегардад, ки ин аз дастгириву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳа ва аъзои Иттифоқи касаба дарак медиҳад. Ҳамзамон, дар идома гуфта шуд, ки марҳилаи рушди иттифоқҳои касаба дар таърихи сиву як соли Истиқлоли давлатӣ маҳз аз соли 2011 сифатан оғоз ёфт. Ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияташро пурсамар намуд. Баргузории нахустин мулоқоти Роҳбари давлат бо масъулину аъзои ин ташкилоти бонуфуз 24 октябри соли 2019 дар Кохи Борбади пойтахти мамлакат, баланд гардидани нақши ташкилот ва аъзои он дар ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат буда, ин водор менамояд, ки фаъолият боз ҳам густурда гардад. Имрӯз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати мамлакат баромад менамояд.

Дар ҷараёни чорабинӣ меҳмонон ва собиқадорон бо нишони фахрии «Барои меҳнати шоиста» сарфароз гардиданд. Дар охир барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд ва рақсҳои ҷолиб пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.