Имрӯз мардуми тоҷик бо оғӯши кушода ва руҳияи идона интизори меҳмонони қадрдонанд. Ҳузури Шавкат Мирзиёев – Президенти ҳамсоякишварамон-Ӯзбекистон ва аҳли зиёи ин кишварро Пешвои миллати мо ва сокинони кишвар хосса мунтазир ҳаст. Гарчанде Тоҷикистон бо сиёсати дарҳои кушоди худ бо тамоми давлатҳои муносибату робита ва рафтуомади хуб ба роҳ мемонад, вале робитаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон дар тафовут аст. Албатта, дар таҳкими ин муносибат ду намояндаи абармарди ин миллатҳо – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев нақши бориз доранд.
Мардуми тоҷику ӯзбекро таъриху фарҳанг бо ҳам мепайванданд. Робитаҳои фарҳангии тоҷикону ӯзбеконро муносибати устодонаву шогирдонаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ собит мекунанд. Ҳамчунин, инкор карда наметавонем, ки аввалин саҳифаҳои газетаҳо дар сарзамини тоҷику ӯзбек бо ду забон-тоҷикиву ӯзбекӣ рӯйи чоп меомаданду мардумро ба бедорӣ даъват мекарданд. Ин аст, ки дар омехтагӣ ду миллат якдгарро бегона намешуморанд. Бар ивази ғаразҳои шахсӣ чанд муддат миёни ин ду миллати дӯсту бародар монеаҳо эҷод мегардид, робитаҳо канда шудаву рафтуоро мамнуъ карданд. Гарчанде Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши ба роҳ мондани робитаҳоро менамуд, аммо чунончи мегӯянд, “қарсак аз ду ҷониб садо мебарорад”. Бар ивази ҳама монеаву маҳдудияти робитаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо хостори сулҳ буду ҳаст. Президенти имрӯза Шавкат Мирамонович дар барқарории робитаи ин ду миллат нақши хосса гузоштаву мақсадҳои некаш ҳамсон бо нақшаҳои неки Пешвои муаззами мост.
Сарони ин ду давлат натанҳо дар барқарории робитаи зич миёни давлатҳои худ, балки баҳри таҳкими сулҳ дар минтақаи Осиёи Миёна талош доранд. Муносибати нодурусти ҳамсоякишвари дигар нисбати давлати мо Сарвари давлати Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро дар канор гузошта натавонисту гуфтушуниди алоҳида миёни сарони давлати ҳамсоя анҷом дод ва он бенатиҷа набуд.
Имрӯз бо омадани меҳмонони олиқадр Тоҷикистон сур дорад. “Шоми дӯстӣ”, ки миёни намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мегардад, он намунаи олии меҳмоннавозӣ ва робитаҳои ду миллати дӯсту бародар хоҳад буд. Ҳадафи асосӣ нишон додани самари дарахти дӯстӣ аст ва месазад, ки ин муносиат барои давлатҳои дигар, махсусан, ҳамсоягони мо намунаи ибрат бошаду гузоранд, ки мардуми одди кишварҳо дар фазои сулҳу оромӣ ва дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд.
Моҳира САФАРЗОДА,
муаллимаи калони кафедруи телевизион ва радиошунавонии ДМТ