ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ҲАМЧУН ОМИЛИ КАЛИДИИ УМҚИ ҲАМГИРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

48

Мо ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем.

Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод.

Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Дӯстии халқҳо дар Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дар ҳамгироии кишварҳои минтақа бозида, ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ мусоидат мекунад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таърихи муштарак, фарҳангҳои ба ҳам наздик ва манфиатҳои умумӣ доранд. Ин умумиятҳо заминаи мустаҳками ҳамкориро дар даврони истиқлол фароҳам оварда, ба эҷоди иттиҳодияҳои минтақавӣ мусоидат мекунанд.

Баъд аз касби истиқлоли сиёсӣ аз ҷониби кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи қудратҳои бузург ба минтақаи Осиёи Марказӣ бинобар захираҳои фаровони табиӣ ва мавқеъгирии муҳимми стратегию транзитӣ афзуд. Ҳар як қудрат бо роҳандозии ҳадафҳои худ ва таъмини нуфузи геополитикӣ кушиши дарёфти ихтилофҳоро намуда, монеи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва умқи равандҳои ҳамгироӣ мегардид. Ба сифати омилҳои низоъбарангез масъалаи об, баҳсҳои сарҳадӣ, мавқеъгирии мухталифи кишварҳо дар сиёсати хориҷӣ ва таҳдидҳои ғайрианъанавӣ пешниҳод мешуданд.

Вале маҳз дӯстии халқҳо, дарки зарурати ваҳдати талошҳо ҷиҳати муқовимат бо хатарҳои эҳтимолӣ ва ба тарви мусоилматомез дар заминаи манфиатҳои муштарак ҳал намудани мушкилоти мавҷуда монеи амалӣ гаштани нақшаҳои ғаразноки қудратҳо гардида, фарҳанги ҳамзистӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва роҳандозии услуби воқеъбинона дар сиёсати хориҷӣ ба ҳалли масъалаҳои баҳснок, табдили он аз омили хатарзо ба воситаи умқи ҳамкориҳои мутақобила ва тағйир ёфтани хати сарҳад аз нуқтаи ҷудосози мардумони минтақа ба марзи дӯстӣ ва субот замина гардид.

Дар ин самт талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар самти татбиқи сиёсати минтақавӣ ва қатъияти Сарвари давлат дар масъалаи рушду таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад.

Ҳангоми авҷи ташаннуҷи ихтилофи кишварҳо дар ибтидои даҳаи дуюми қарни XXI зимни таҳияи Консепсияи нави сиёсати хориҷӣ мақоми Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардида, муҳим ва зарур будани муносибатҳои баробар, мутақобилан судманд, беғараз ва устувор ҳамчун омилҳои муайянкунанда таъкид гардид.

Чунин муносибат ва изҳори анъанаҳои ҳамсоягӣ ва камоли инсонӣ зимни вафоти собиқ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ширкат дар маросими такфини ӯ аз суннатҳои неки мардуми тоҷик шаҳодат медод, омили асосии то сатҳи стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя гардид.

Чунин инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва дурандешӣ дар самти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ боиси таъкид мебошад. Тариқи муколама ва ба пуррагӣ ҳал шудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ин талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоят он дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон вобаста ба он шартномаи дахлдор имзо гардид, ки ду кишвари ҳамсоя ба қарори таърихӣ ва абадӣ расиданд.

Тавре маълум, кишварҳои манфиатдор аз таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ аз минтақаи Фарғона тахмин карда, дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақвиро зери суол бурданӣ мешуданд. Вале дӯстии халқҳо намунаи беҳтарини инкори манфиатҳои ғаразноки қудратҳо гардида, ҳамоиши сарварони се кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Гулистон намунаи барҷастаи таърихи ҳамзистии осоиштаи халқҳои минтақа ва манфиатҳои муштараки онҳо ба шумор меравад. Зимни тақвияти муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ таъсири муассири мусбат возеҳ гардид.

Яке аз намунаҳои бевоситаи ин маросими имзо ва мубодилаи санади протоколи мубодилаи тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Тоҷикистону Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ мебошад.

Ҳангоми мулоқоти сеҷонибаи 31 – уми март дар шаҳри Гулистон Пешвои миллати тоҷик таъкид карданд, ки “кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд. Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем”

Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Гулистон доир ба дӯстии абадӣ баргузор гардид.

Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Гулистон доир ба дӯстии абадӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи мулоқот изҳори итиминон намуданд, ки “натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд”.

Ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадӣ ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳо на танҳо ба марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳо, балки ба коҳиши хатари низоъҳо, мубориза бо хатарҳои муосир ва таҳкими амният дар минтақа мусоидат менамоянд.

Дӯстии халқҳо ва суботи сиёсӣ ҳамчун омили калидӣ ба ҳамгироии Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, ба таҳкими сулҳ, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳо кумак мекунад.

Умед дорем, ки ин мулоқот заминаи афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардида, метавонад ба рушди устувори минтақа мусоидат кунад. Дар баробари ин, ҳамкории кишварҳо дар истифодаи захираҳои об ва бунёди нерӯгоҳҳо метавонад ба умқи равандҳои ҳамгироӣ мусоидат намуда, робитаҳои фарҳангӣ ва муколамаи байни халқҳо, ки тайи садсолаҳои ҷараён доранд, бо тақвияти равобити кишварҳо дар бунёди роҳҳо, корхонаҳои муштарак ва рушди сайёҳӣ метавонад ҳамкории минтақавӣ, тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ ва ташаккули симои нави Осиёи Марказии дурахшон таҳким бахшад.

Раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дурнамои мусоид дорад, зеро дар баробари манфитаҳои умумӣ ва суди муштарак аз он ҳамоҳангии амали сарварони кишварҳои минтақа дар заминаи дӯстии халқҳо возеҳ ба назар мерасанд. Танҳо тавассути эътимоди ҳамдигарӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими муносибатҳои дипломатӣ, Осиёи Марказӣ метавонад ба як минтақаи воҳид ва устувор табдил ёбад, ки заминаҳои бевоситаи он дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар шаҳри Гулистон гузошта шуд.

Ҷаъфарзода С.Х.н.и.т., дотсент, декани факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ