ДАҲ СОЛ ДАР РОҲИ ТАРҒИБИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ СИЁСАТИ ИТТИЛООТӢ

381

Дар ҷаҳони пуртаззод ва тағйирёбанда муаррифии фарҳангу тамаддун, иқтисоду сиёсат, таҳкими ҷараёнҳои илмиву технологӣ ва ифшои ҳақақатҳои пинҳони ҳаёт бевосита нақши ВАО беш аз ҳар вақти дигар муҳимму таъсирбахш ба назар мерасад. Маҳз бо таҳким ёфтани сиёсати иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаҳои телевизионии наве дар арсаи иттилоърасонӣ барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, ки ба ин васила барномаҳои зиёд ва лоиҳаҳои нави телевизионӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла барномаи муаллифӣ ва таҳлиливу сиёсие, ки доманаи тафаккур ва ҷаҳонбинияш масоили зиёди сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву маърифатӣ ва ахлоқиву фарҳангиро дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар бар мегирад, ин барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” аст. Барномаи “Тоҷикистон ва Ҷаҳон” бори аввал санаи 7-уми феврали соли 2012 рӯйи экрани “Телевизиони Тоҷикистон” баромад, ки дар як муддути кӯтоҳ ба дили бинандагон роҳ ёфт, яке аз аввалин барномаҳое, ки роҷеъ ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ, шинохти вазъи сиёсиву амниятии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздику Қафқоз, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллии насли даврони соҳибистиқлолии кишвар, тарғибу ташвиқи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, даъвати шаҳрвандон аз кӯдакон то калонсолон ба иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ ва пешниҳоди роҳҳои муассир ба хотири сарҷамъии ҳамватанон дар атрофи сиёсати давлатмеҳвар ва оянданигари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар давоми фаъолияти хеш ҷиҳати инъикоси мавзӯъҳои муҳимми ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, дастовардҳои ҷумҳури бо тавсияҳои сиёсатшиносон ва олимон, шахсони касбу кори гуногун барои тамошобинон барномаҳои ҷолибу дидани таҳия ва пахш намудааст. Қобили зикр аст, ки барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” тули 10 соли охир ҳар ҳафта аз 45 то як соат бетаъхир ҳар шоми сешанбе ба тариқи “Телевизиони Тоҷикистон” пахш мегардад, ки миллионҳо нафар аз ҳар гушаву канори Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳатто берун аз кишвар барномаи мазкурро интизорӣ мекашанд. То ба ҳол зиёда аз 670 қисм аз барномаҳои “Тоҷикистон ва Ҷаҳон” таҳти муаллифии Фатҳиддин Замон таҳия гардида, ба тариқи Телевизиони Тоҷикистон пахш гардида, дар соли 2022-ум низ мавзуъҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, аҳлоқиву амниятӣ ва ғайра аз масъалаҳои ҷаҳонӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар зери назари муаллиф қарор гирифтааст. Ҳамзамон, намунаҳо ва бахшҳои зиёди барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки маҳз масъалаҳои экологияи Тоҷикистон, минтақаҳои сайёҳиву ҷаҳонгардӣ, муаррифии фарҳангу тамаддуни пурғановати миллати тоҷик ва ҷуғрофияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифтанд, барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва сайёҳон ба кишварҳои дурру наздики сайёра, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Россия, Давлати Кувейт, Қатар, Аморати муттаҳидаи Араб, Малайзия, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Чин кишвари Ҷопон, Туркия, Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Қазоқистону Ӯзбекистон ва ғайра фиристода шудаанд. Ҳамзамон, дар кишварҳои мухталифи сайёра барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар мавзуъҳои гуногун сапт ва таҳия шуда, манзури тамошобинон ва ҳаводорони “Телевизиони Тоҷикистон” гаштааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили экологӣ, тағйирёбии иқлим ва таъмини оби нушокӣ барои сокинони ташналаби сайёра, баргузор намудани бузургтарин конференсияҳо ва ҳамоишҳои дохиливу байналмилалӣ таҳти роҳбари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дифоъ барои Ватан ва тарбияти ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, тарғиби ҳувият ва хештаншиносӣ, баррасии соҳаи туризм ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, шинохти фарҳанг ва тамаддуни ҳазорсолагони миллати куҳантамаддуни тоҷик низ аз масъалаҳои меҳварии барномаи “Тоҷикистон ва ҷаҳон” дар солҳои минбаъда ба шумор меравад. Ин барнома воқеъияти Тоҷикистонро бо ҷаҳони пуртаззод муқоиса намуда, бинандагони худро ба тафаккури созандаи ватандорӣ, хизмат ба инсоният, боло бурдани ҳисси баланди башардӯстӣ, маърифати ҳуқуқӣ, шинохти фалсафӣ ва сиёсиву амниятии ҷаҳон, забономӯзиву забондонӣ, таҳаввулоти илму технология, ҷаҳиш дар улуми кайҳоншиносӣ, дарки дурусти қазияҳои сиёсиву иҷтимоӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, оташи ҷанг, муҳоҷирату паноҳҷӯӣ ва ғайра ҳидоят ва ташвиқ менамояд. Ҳамаи ин аз заҳматҳои шабонарӯзии рӯзноманигори ҷавону муваффақ Фатҳиддин Замон шаҳодат медиҳад. Аз ҳар вақта дида имрӯз мо – ҷавонону наврасон ва умуман сокинони кишвар бо дидани чунин барномаҳои телевизионӣ дар ҷаҳони тағйирёбанда ҳар лаҳза аз хатару таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зиёд шуда истодааст ва барои боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии мо ҷавонону наврасони даврони истиқлол, тарғибу ташвиқи омӯзиши илмҳои замони муосир ва даъвати ҷавонон барои ҳифзи марзу буми ватани азизамон расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, арзишҳои миллӣ ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мегардад.

Муаллиф ва барандаи барномаи “Тоҷикистон ва Ҷаҳон” муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон, Рӯзноманигори сол, ҷоизадори 30-ҷавони муваффақ дар соли 2021, Аълочии фаҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Замон буда, номбурда бо таҷрибаи андухтаи худ дар ҳама сафарҳои дохилу хориҷӣ ва дарки воқеъиятҳои сиёсиву фарҳангии минтақа ва ҷаҳон тавонист дар як муддати кӯтоҳ аз уҳдаи ин масъулияти бузург ба хуби барояд. Фатҳиддин Замон дар таъсиси чунин як барномаи таҳлиливу сиёсӣ тавонистааст, ки обруву нуфӯзи Тоҷикистонро дар фазои иттилоотии минтақаи Осиёи Марказиву ҷаҳон баланд бардорад. Зеро тамоми мусоҳибаҳои ӯ бо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ, Иттиҳоди Аврупо, Фонди Иқлими Сабз ва тоҷикони бурунмарзӣ аз маҳорати баланд ва ҷаҳонбиниву забондонии чунин як журналисти ватандори тоҷик маҳсуб мегардад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар оянда низ барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон эшон аз пештара бештар кору пайкор хоҳанд кард. Аз ҳар нигоҳ вуҷуди чунин як барномаи сиёсиву таҳлилии муваффақ дар фазои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ барои дифоъ аз сиёсати иттилоотӣ ва даъвати ҷомеа ба шинохти набзи пурҷараёни Сайёра, ошубзадаву сиёсатзадаи минтақа ва ҷаҳон муҳимтар аз ҳар вақти дигар аст.

Ашуралиева Ш.