ДАР ДУШАНБЕ НАХУСТИН ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАҲОРАТИ ПЕДАГОГИИ ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

522

29-уми октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин Фестивали байналмилалии маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандон соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Дар маросими ифтитоҳии Фестивал вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Андреасян Жанна Арамовна, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Кадлубай Александр Владимирович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷусупбекова Надира Сынташевна, ҷонишини директори Институти илмӣ – тадқиқотии ба номи А.Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пардаева Меҳринисо Дониёровна, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён Қаюм ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғанизода Гулчеҳра Самӣ суханронӣ карданд.

М. Имомозода – вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ вобаста ба нақши омӯзгор дар ҷомеа ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки омӯзгори асил дорои ду сифат – дониши васеъ ва дили бузург аст.Ҳамчунин, Г. Николаевна – мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ зикр намуд, ки баргузории нахустин Фестивали маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи ИДМ соли 2017 аз ҷониби намояндагони Белорусия пешниҳод гардид ва ин иқдом шоистаи таҳсин аст, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз амалӣ гардид. Сипас, Фестивал аз рӯи 3 номинатсия: “Муррабӣ”, “Омӯзгор” ва “Равоншинос” кори хурдо оғоз намуд ва мураббиён, омӯзгорон ва равоншиносони мактабии ботаҷриба доир ба масъалаҳои баррасишаванда дар номинатсияҳо ширкат варзида, табодули афкор намуданд, ки аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ гардид.Дар фарҷом ба 27 нафар омӯзгор, мурраббӣ ва равоншинос-иштирокчиёни Фестивал диплом тақдим карда шуд.Зимни ҷамъбаст мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна эълон намуд, ки Анҷумани VII-уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.

Зайнаб Ҳусейнова  

www.maorif.tj