Имрӯз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ – раиси Донишкадаи исломии Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд. Доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ ҷиҳати иштирок дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти Абурайҳони Берунӣ, ки бо ибтикори Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки вохӯрии навбатӣ дар самти ҳамкориҳои минбаъда мусоидат менамояд. Тарафҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати қабули олимони варзидаи донишгоҳҳои бузурги Покистон баҳри донишомӯзии донишҷӯён ва мубодилаи таҷриба бо устодон изҳор доштанд.
Ҳамзамон доктор Соҳибзода Султон Аҳмад Алӣ дар толори Шарифҷон Ҳусейнзода бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуд. Гуфта шуд, ки маҳз баҳри тақвияти муносибати кишварҳо дар асоси баробар ва эътирофи мунфиатҳои мутақобила Ҷумҳурии Исломии Покистон истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, бо он дар санаи 6 июни 1992 муносибатҳои дипломатиро барқарор намуд.