ДАР СУҲБАТИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТИБ

50

Бо ибтикори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ дар факултети тиббии донишгоҳ вохӯрии намояндагони ташкилоти «Иттиҳоди тиббии ҷавонӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатмкунандагони шуъбаи рӯзонаи факултет доир гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбари ташкилоти мазкур Бобоҷон Сафаралиев, муовини роҳбари ташкилот Изатулло Шералиев, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Ҷ. Абдуллоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар нишаст масъалаҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ, таҷрибавию илмӣ, аз ҷумла ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва ҳамкории ҷавонон бо мутахассисони соҳаи тиб дар масъалаи пешгириии бемории сироятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.