ДАР СУҲБАТИ САФИРИ ИМА

433

Имрӯз (14.06.2022) дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА сафири ИМА дар Тоҷикистон Чон Марк Поммершим ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд.

Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Донишгоҳи миллӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои бузурги илмии хориҷи кишвар суханронӣ намуда, дар самти рушди равобити илмию таълимӣ пешниҳоди судманд намуд.

 Сафири муҳтарам Чон Марк Поммершим аз ҳамкориҳои дӯстонаи ИМА ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ суханронӣ намуд. Зимнан ҷиҳати ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён тариқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омӯзиши курсҳои кутоҳмудати таълимӣ андешаҳои ҷолиб иброз дошт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ навори тарғиботӣ дар самти таърихи робитаҳои дӯстонаи ИМА бо Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ҳамзамон, ҳамчун рамзи дӯстӣ ҷонибҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Вохӯрӣ бо суолу ҷавоб ба охир расид.