«ДАРАХТИ ДӮСТӢ» – РАМЗИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ

470

Имрӯз дар доираи 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё, ки дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал доир гардид, ҳам дар шакли маҷозӣ ва ҳам дар шаклӣ ҳузурӣ дар майдони донишгоҳҳои ҳамкор ҳамчун рамси дӯстӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимии дуҷониба «Дарахти дӯстӣ» шинонида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ ниҳоли арча ҳамчун рамзи сарсабзии муносибатҳо шинонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур ташкилкунандагони 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии иқтисоди Белорус, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, Донишгоҳи иқтисодии Қирғизистон ба номи М.Рискулбеков, инчунин, Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Е.Н. Гумилёв иштирок намуда, сездаҳ дарахти дӯстӣ дар майдони донишгоҳҳо шинонида шуд.

Ҳамзамон, нимаи дуюми рӯз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва дигар шахсони масъул ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) дар видеоконференсия, ки дар доираи 12-умин Форуми мазкур доир гардид, иштирок намуданд.