ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁН

677

Раёсати ДМТ дар самти таълиму тарбияи ҷавонон имкониятҳои хуберо фароҳам сохтааст. Ин аст, ки тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҷавонон-донишҷӯён иқдомҳои некеро роҳандозӣ менамояд. Чанде қабл бо дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. 2821 нафар донишҷӯ, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз фанҳои гуногун (аз 3587 фан) қарздор монда буданд, аз супоридани маблағи кредит озод карда шуданд. Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баррасӣ шуд ва аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфта, иқдоми нек дар самти дастгирии ҷавонон-донишҷӯён дониста шуд.