ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ҲУҚУҚ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

588

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд. Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерубахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди давлати соҳибистиқлол барои халқи бузурги тоҷик аз ҷумлаи дастовардҳои беназир дар тӯли таърих мебошад, ки натиҷаи талош, ҷоннисориҳо, иттиҳод ва фидокориҳои ин халқ аст. Расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, имкониятҳои фарохро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдкориҳо, рушд ва созандагӣ ба миён овард. Гуфтан мумкин аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, марҳилаи сифатан нави рушди ҷамъият ва давлат шурӯъ гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд, роҳи нави тараққиётро интихоб намуд. Фазои ҷамъиятӣ дар ин айём комилан тағйир ёфта, муносибатҳои нав ба нав зуҳур гардиданд, ки аксарияти онҳо барои ҷомеаи Тоҷикистон ҷадид буданд.

ҶумҳурииТоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии хеш ба дастовардҳои хеле бузург мушарраф гардидааст, ки ба манфиати давлату ҷомеа ва халқи Тоҷикистон равона мегарданд. Яке аз дастовардҳои муҳими ин замон, ин бунёди низоми ҳуқуқии миллӣ ва дар замина рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад. Воқеан, илми ҳуқуқшиносӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакл ва фаҳмиши нав бунёд гардида, давра ба давра такмилу рушд ёфтааст.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ илми ҳуқуқ марҳилаи сифатан нави рушдро тай намуда, тамоми соҳаҳои қонунгузорӣ дигаргуниҳои бузургеро пушти сар намуданд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини ваҳдати миллиро метавон арзишмандтарин дастовардҳои беназири даврони соҳибихтиёрии давлатӣ унвон кард. Дар ин замина дар тамоми соҳаҳои ҳаёти давлату ҷамъият тағйироти куллӣ ба вуҷуд омаданд. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои устувори бунёди давлатдории миллӣ ва унсурҳои ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро асос гузошт.

Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки баробарии мавқеияти тамоми шохаҳои ҳокимият кафили устувории асосии ҳуқуқии давлат ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки таъмини волоияти Конститутсия ва қонун, тақсим кардани ҳокимияти давлатӣ ба рукнҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва фаъолияти муваффақонаи онҳо, ҳамкории мақомоти онҳо, эълом доштани бисёр андешии сиёсӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар хеле мустаҳкам гардид.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори бузургтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатии кишвар қарор дорад, ки халқи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи навин ҳидоят менамояд.

Мардуми сарбаланду тамаддунофар ва фарҳангсолору бунёдкори тоҷик дар заминаи татбиқи сиёсати хирадмандона, бобарор ва ҳадафмандонаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқимамлакат ба дастовардҳои беназир комёб шудаанд. Барору муваффақиятҳои ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа низ дар ин ҷода мавриди зикри хос мебошад.

Ҳанӯз дар ибтидои эҳёи давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон раёсати Шӯрои Олии мамлакатро ба уҳда доштанд, моҳияти давлати нави тоҷиконро чунин тавсиф карда буданд: “Давлате, ки мо эҷод кардаем ва минбаъд пояҳои онро мустаҳкам ва босубот месозем, манфиати инсонро дар маркази тамоми фаъолияти хеш гузошта, онро ҳифз менамояд”.

Ҳамин тавр, ҳуқуқ нахустунсури ҳама гуна давлат аст, ки бидуни он наметавон роҳи ҳамвори тараққиёти ҷомеаҳоро тасаввур кард.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, махсусан баъди қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 заминаи мусоид баҳри рушди илмҳои ҳуқуқшиносӣ фароҳам омад. Дар ин росто илми ҳуқуқи конститутсионӣ мавқеи марказиро дар низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ ишғол меномояд.

Масъалаҳои инкишоф ва рушди илми ҳуқуқи конститутсиониро кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз давраи ташкилёбиаш то кунун мавриди баррасӣ қарор додааст.

Аз ҷониби устодони кафедра адабиёти ҳуқуқии таҳия ва чоп гардидаанд, ки ба осон гардидани илмомӯзии донишҷӯёни факултет мусоидат менамояд. Ҳамасола адабиёти илмии ҳуқуқшиносӣ дар самтҳои ҳуқуқи конститутсионӣваҳуқуқимаъмурӣ мавриди таҳқиқот қарор дода шуда, дар шакли мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимию методӣ ба донишҷуён пешниҳод карда мешаванд, ки ин раван аз як тараф ба дарки ҳаматарафаи илмҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ аз ҷониби донишҷӯён мусоидат намуда, аз тарафи дигар ба рушди илмҳои мазкур дар кишвар оварда мерасонад.

Боиси сарфарозист, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии сокинони Ватани маҳбубамон рӯйдодҳои муҳимму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваста, Тоҷикистон бо маром пеш меравад.

Муродзода Умед,

ассистенти кафедраи ҳуқуқи

констититутсионӣ