«ДАВЛАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН» – МАҶАЛЛАИ ТАҚРИЗШАВАНДА!

1067

Бо дастгирии роҳбарияти ДМТ ва ташаббуси садорати факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар самти ташаккули рушди илми ҳуқуқшиносии ватанӣ ва ташкил намудани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ корҳои судмандро анҷом дода истодааст, ки далели ин гуфтаҳо дар асоси Фармоиши КОА-и назди Президенти ҶТ ба сифати маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти ҶТ ворид гардидани маҷаллаи илмӣ-амалии «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи илмӣ-амалии «Давлатшиносӣ ва ҳуқуқи инсон» дар асоси қарорҳои Шӯрои олимони факултети ҳуқуқшиносӣ ва Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, аз 20-уми январи соли 2016 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0249/МҶ ба қайд гирифта шудааст. Маҷаллаи мазкур дар як сол чор маротиба чоп шуда, мавзӯъҳои мубрами илми ҳуқуқро инъикос менамояд.