ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ДОНИШГОҲИИ “ТОҶИКОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ: АЗ ОРИЁН ТО СОМОНИЁН”

213

Бо ибтикори роҳбарияти ДМТ санаи 15.07.2022 дар ҳошияи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ–назариявӣ бо иштироки доираи васеи ҳайати устодону донишҷӯён ва раёсати донишгоҳ баргузор гардида буд. Дар пайравӣ ба ташаббусҳои хирадмадонаи Пешвои миллат ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. эълон дошт, ки аз рӯйи асари «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» – и Пешвои муаззами миллат дар ДМТ дар соли ҷорӣ озмуни донигоҳӣ баргузор гардад.

Ҳамин тавр дар донишгоҳ Озмуни умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён”- и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тафаккури миллӣ” бахшида ба 75 солагии ДМТ роҳандози гардид. То имрӯз (14.11.2023) давраҳои гуногуни озмуни мазкур сурат гирифт ва имрӯз дар Ганҷинаи фарҳангии ба номи Ш.Ҳусейнзода бо иштироки ректори донишгоҳ даври хотимавии озмуни мазкур барои муайян намудани ғолиби Шоҳҷоиза ва ҷойҳои ифтихорӣ баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш иброз дошт, ки бо мақсади омӯзиши амиқу дақиқи осори Пешвои миллат, ки муаррифгари таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик аст, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии донишҷӯён аз 15-уми августи соли 2022 Фармоиши ректори донишгоҳ дар бораи баргузор намудани Озмуни донишгоҳии «Нақши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён»-и Пешвои миллат дар рушди тафаккури миллӣ» баромада буд. Дар асоси Низомнномаи таҳияшуда озмун дар ду давр бояд гузаронида шавад. Даври аввали озмун моҳи апрели соли ҷорӣ дар сатҳи факултетҳо гузаронида шуд.

Имрӯз даври донишгоҳӣ, яъне ҷамъбастӣ баргузор мегардад. Чи хеле, ки маълум аст, озмун дар доираи ду гурӯҳ – устодону унвонҷӯён ва донишҷӯёну магистрон доир мегардад. Саволномаи Озмун дар асоси осори ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик бахшидашудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст.

“Яке аз воситаҳои арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни ниёгон омӯзиши амиқу дақиқи таърихи халқи хеш ба ҳисоб меравад. Маҳз омӯзиши саҳифаҳои мубрами таърихӣ имкон медиҳад, ки сатҳи худшиносӣ ва хештаншиносии тамоми қишрҳои ҷомеа баланд бардошта шавад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали ба ҳукумат расидан дар баробари пеш гирифтани сиёсати муваффақи дохилию хориҷӣ, ҳамчунин ба омӯзиш ва инъикоси саҳифаҳои мубрами таърихи халқи тоҷик рӯ овард. Сарвари давлат яке аз сабабҳои асосии ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997–ро дар дур шудан аз таъриху фарҳанги асили худ шарҳ додааст.

Пешвои миллат зарурати омӯзиши таърихи ниёконро дар осораш таъкид намуда, тазаккур додааст, ки «Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих ибратомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлол ва оини давлатдориаш расида наметавонад. Муҳаббат ба Ватан ва таърихи пурифтихори он набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, вусъати ақли башарият ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад»” –афзуд ректори донишгоҳ.

Гуфта шуд, ки ғолибон дар чорабинии тантанавии бахшида ба Рӯзи Президент қадрдонӣ мегарданд.