ДМТ ДАР МАҚОМИ АВВАЛ

620

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавќеъ ва натиљаи фаъолияти чанде аз муассисаои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикисторо натиҷагирї намуд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни 31 муассисаи олии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум гардид.

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2020-2021-ро мавриди санҷиш қарор дода, ДМТ бо касби 182 xoл сазовори ҷойи якум ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби Шоҳин Саидзода- директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Насимҷон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Нақши ин муассисаи олӣ дар рушду такомули соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси кишвар муассир аст. Имрӯз дастпарварони он дар пешрафти Тоҷикистон, рушду такомули иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд.