ДМТ – МАХЗАНИ ИЛМУ ДОНИШ ДАР МАРКАЗИ ДУШАНБЕ

24

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфта, ба яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар мубаддал гардид. Имрӯз бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази давлат ба мизбони баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ ва варзишии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ табдил ёфтааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз шаҳри Душанбе маркази иттиҳод ва ваҳдати ҷомеа маҳсуб мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки мақоми ҳуқуқии Душанбе ба сифати пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст. Ҳамчунин, дар моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври зайл муқаррар шудааст: Шаҳри Душанбе, ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат буда, воҳиди маъмурию ҳудудиест, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шуда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи тайёр кардани шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Ҳамин аст, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдому ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле зебову замонавӣ шуда истодааст. Тавре ки Сарвари давлат таъкид менамоянд: «Душанбе аз рӯзҳои нахустини пойтахт эълон гардиданаш рисолати пойтахтҳои қадимаи миллати тоҷикро ба дӯши худ гирифта, барои ташаккули давлатдорию инкишофи илму фарҳанг ва муттаҳидсозии неруҳои зеҳнию афроди пешбарандаи миллат нақши арзанда бозид… Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».

Дида мешавад, ки пойтахт рӯз то рӯз тараққӣ карда, симои худро куллан тағйир додааст. Ҳар рӯз як бинову иншооти наву замонавӣ сохта мешавад. Аз сохта ба истифода додани бинову иншооти хуштарҳу замонавӣ, коргоҳу муассисаҳои бузурги таълимӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, маишӣ то дигар марказҳои хизматрасонӣ баръало ба назар мерасад. Барои боз ҳам зеботар намудани намои ин шаҳри ҳамешабаҳор таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили шаҳр ба роҳ монда шудааст.

Бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, ангораҳои таърихӣ, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки симои ин шаҳрро боз ҳам рангинтару нозанинтар мегардонад, барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт ва муаррифии шоистаи шаҳр ба меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хуб мебошад. Зикри чанд саҳифаи таърихи пойтахт зарур аст, ки ин ҳам дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) – шаҳри сайёҳӣ эълон шудани шаҳри Душанбе мебошад. Ҳамзамон, худи ҳамон сол ширкати «Турстат»-и Русия Душанберо ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил намуд. Албатта, бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе ба маркази маъмуриву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва сайёҳию фароғатии Осиёи Миёна табдил ёфтааст.

Яке аз дастовардҳои намоёни шаҳри азизамон – Душанбе бунёди марказҳои илмию таълимӣ мебошад. Ҳамин аст, ки пойтахт маркази калонтарини макони илму таълимро касб кардааст. Имрӯз дар ин ҷо Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, чандин пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ фаъолият мекунанд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, биноҳои таълимиву хобгоҳҳояш дар гӯшаҳои гуногуни Душанбе ҷойгир шудааст. Донишгоҳ дар баробари соҳибмаълумот ва мутахассиси рақобатпазиру ҷавобгӯйи бозори меҳнат гардонидани ҷавонони миллат, таълиму тарбияи онҳо дар руҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ ва иштироки фаъол доштан дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин дар ободу зебонамоӣ ва тозаву озодагардонии пойтахти кишвар низ саҳм мегузорад. Ифтихори ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ низ мебошад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хатмкардагони ин боргоҳи бузурги илмию таълимӣ мебошанд.

Боиси сарфарозист, ки дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Фаъолияти босамар ва натиҷабахши устодону кормандон ва муҳаққиқони ин боргоҳи илму маърифат буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, 30-юми майи соли 2024 ба вижа қайд намуданд: «Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд». Чунин баҳои баланди Пешвои муаззами миллат раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандон ва муҳаққиқони донишгоҳро водор месозад, ки тамоми саъю кӯшиш ва донишу малакаи касбии худро барои пешбурди фаъолияти муназзами таълимӣ, илмиву инноватсионӣ, тарбиявию идеологӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишманд барои пешрафти Ватани азизамон равона намоянд.

Имрӯз донишгоҳ дорои 19 факултет, 126 кафедра, 134 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад. Донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст.

Муҳимтарин дастоварди таърихӣ барои донишгоҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20-уми июни соли 2024 мебошад, ки лоиҳаи он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар, гувоҳӣ медиҳад.

Бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, бо мақсади рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ чанд сол аст, ки озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Соли 2024 дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардиданд. Боиси ифтихори ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ аст, ки дар ин озмунҳо Донишгоҳи миллӣ пайваста пешсаф мебошад.

Дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дастаи донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, бо гирифтани 11 ҷой (2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 3 ҷойи сеюм ва 4 ҷойи ифтихорӣ) миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳамчунин, дастаи донишҷӯёни донишгоҳ дар даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физикаю астрономия, химия, биология (ботаника, анатомия), технологияи иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуда, бо соҳиб гардидани 12 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи 1-ум, 4 ҷойи 2-юм ва 5 ҷойи 3-юм) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Дигар дастоварди муҳими донишгоҳ дар соли 2024, ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми апрели соли 2024, №243 таъсис ёфтани Корхонаи воҳиди давлатии “Маҷмааи варзишӣ”-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки он дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи варзиш, оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи варзиши ҷаҳонӣ бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ қабул гардидани Қатъномаи махсус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва эълон шудани Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) ба ҳисоб меравад, ки бо мақсади ҳамовозӣ аз ин ташаббуси ҷаҳонӣ, раёсати донишгоҳ дастаи футболи хурди донишгоҳро бо унвони дастаи “Сомон” таъсис дод ва ҷиҳати фаъолияти он миёни дастаҳои касбӣ шароити мусоидро барои машқу тамрин муҳайё намуд.

Бояд қайд намуд, ки дастовардҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию байналмилалии донишгоҳ хеле зиёд аст, зеро симои донишгоҳро дастоварди гуногуни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён инъикос менамоянд. Ҳайати устодону кормандон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат пайваста кӯшиш менамоянд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта бошанд.

Имрӯз мо дар арафаи таҷлили Рӯзи пойтахт қарор дорем. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳи мо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди пойтахт ҳамеша саҳм мегузоранд.

Сарфароз аз онем, ки донишгоҳ ҳамчун даргоҳи дониш ва махзани маърифат дар қалби шаҳри Душанбе фаъолият мекунад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

профессор, ректори ДМТ