ТАМОШОИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ

475

Имрӯзҳо яке аз самтҳои фаъолияти Донишгоҳи миллӣ ин ғанӣ гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, бештар огоҳӣ пайдо намудани устодону донишҷӯён аз фарҳангу маданият ва урфу одати миллӣ мебошад. Бо ин мақсад ҳамеша дар ҳама гуна чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишиву бадеӣ устодону донишҷӯён иштирок намуда, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ мегардонанд.

Имрӯз (30.03.2022) омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар намоиши “Достони нур” дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ” иштирок намуданд. Барномаи театрии мазкур дар сатҳи баланд иҷро гардида, таваҷҷуҳи иштирокчиёнро бештар ҷалб намуд.